Дар Истаравшан тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тақсими туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» дар шаҳри Истаравшан оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд, тақдими китоб бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Зимни тақдими китоб ба собиқадорони шаҳр иброз гардид, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар ду ҷилд рӯи чоп омада, ба ҳар хонадони мамлакат тақдим мегардад. Тақдими ин асари безавол иқдоми навбатии Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии сокинон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми наҷиб ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст. Ҳадафи он эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад.
Шоҳасар дар ду ҷилд ва бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха нашр карда шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








Сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Сокинони ноҳияи Қубодиён соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳфили илмӣ-адабии «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад
Ба зиёда аз 36 ҳазор хонаводаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Дар ноҳияи Деваштич тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз гардид
Туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони меҳнати ноҳияи Кӯшониён тақдим карда шуд
Туҳфаи Пешвои миллат-«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба шаҳри Левакант расид






