Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд

Декабрь 14, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи адабиёти классикии тоҷик — «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов расид. Тибқи нақша, ин туҳфаи пурарзиш ба 25 ҳазору 325 хонаводаи ноҳия аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ доданд.

Ин иқдом ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳадаф аз он таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, боло бурдани худшиносию ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва фарҳангии гузаштагон мебошад.

Сокинони ноҳия ҳангоми дарёфти ин туҳфаи маънавӣ бо эҳсоси ифтихор изҳор доштанд, ки ин иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи руҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки нашри нави «Шоҳнома» дар ду ҷилд ва бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба табъ расидааст. Ин шоҳасар бо сифати баланд ва тарҳи зебо омода гардида, ба ҳар хонадони мамлакат ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ тақдим мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Декабрь 14, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид