Дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати таъмини иҷрои нишодиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар асоси нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар кори он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Ҳасанзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Дар оғози вохӯрӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода таъкид кард, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва стратегӣ вазифаҳои афзалиятнокро дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ муайян намудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Ҳасанзода иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакатро муайян менамояд.
Таъкид гардид, ки Сарвари давлат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дар ин самт минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд. Ҳамчунин Пешвои миллат аз сокинони мамлакат даъват намуданд, ки ки ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва маҳалли зисти худро ободу тоза нигоҳ дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ёдовар карда шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон бо изҳори сипос аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вакили Маҷлиси намояндагон саволҳо пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон










ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар ноҳияи Данғара Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — дастур барои ояндаи дурахшон
Ҷанбаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соҳаи инноватсия тавзеҳ дода шуданд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Кумитаи рушди маҳал Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар Саридораи геология оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд
Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст






