Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 довталаб соҳиби Шоҳҷоиза шуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар он 4 довталаб сазовори Шоҳҷоиза гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод Табассуми Ҷиёнхон дар номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» сазовори Шоҳҷоиза гардид. Дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара Анушервон Раҳимов, дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Мастчоҳ Умеда Шарифова, дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Рӯдакӣ Фариса Холиқова сазовори Шоҳҷоиза гардиданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба омӯзгороне, ки шогирдони босаводу бомаърифат тарбия намудаанд, падару модароне, ки барои китобҳои бадеӣ хондани фарзандони худ шароити мусоид фароҳам овардаанд, аз номи муассиси озмун — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои дастгирии ташаббусҳои маорифпарварона ва иштироки фаъолона арзи сипос намуд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад






