Дар Париж доир ба татбиқи қатъномаи «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ, 2025-2034» ҷаласа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ҷаласаи Гурӯҳи кории махсус вобаста ба татбиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ, 2025-2034» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа ба нақши пешбарандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлим ишора шуда, аҳамияти татбиқи ин қатънома мубрам ва саривақтӣ арзёбӣ гардид.
Намояндаи Тоҷикистон оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки пойгоҳи он барои таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлим, инчунин илмҳои криосферӣ муҳим мебошад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






