Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад

Декабрь 21, 2025 11:30

ҲИСОР, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад. Дар ин хусус ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Тибқи иттилои сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Ҳисор Алишер Қосимзода, дар ин чорабинӣ   нуҳ  корманди Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иштирок намуданд. Онҳо нафақагиронро тавассути телефонҳои мобилӣ акс гирифта, бо шинохти чеҳра  аз нав ба қайд мегиранд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар шаҳри Ҳисор 26 ҳазору 877 нафақагир  ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 5297 нафар нафақагирони маъюб, 1422 нафар нафақагирони бесаробон, ятими куллу нимятим ва 20158 нафар нафақагирони иҷтимоӣ мебошанд. То имрӯз  зиёда аз 14 ҳазор  нафақагир ба қайд гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа  дар шаҳри Ҳисор маъюбон, пиронсолон, беморонро дар  хонаҳояшон азнав ба қайд мегиранд. Дар маъракаи азнавбақайдгирӣ раисони деҳаҳо, имомхатибон ва масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамкорӣ ва кумак менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ идома дорад. Масъулини соҳа то 30 декабри соли 2025 ин равандро ба анҷом расонида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 21, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид