Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия ва амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур доданд, ки «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030» таҳия ва амалӣ гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки бо назардошти нақши соҳаи пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуку хӯрокворӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот механизми таъмин намудани рушди устувори соҳаи пахтакориро амалӣ намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки вазоратҳои адлия, кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук барои дастгирии соҳаи пахтакорӣ то ба эътидол омадани вазъи соҳа пешниҳодҳои заруриро доир ба ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Бояд гуфт, ки пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад. Зироати пахтаро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин дар мамлакати мо навъҳое парвариш меёбанд, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад. Тоҷикистон мамлакатест, ки аз рӯйи нишондиҳандаҳои хоку иқлим ва шароити парвариш аз дигар давлатҳо фарқ мекунад. Аммо мутаассифона, солҳои охир дар Тоҷикистон майдони кишт ва ҳаҷми ҷамъоварии пахта коҳиш меёбад.
Дар робита ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳавасмандгардонии фаъолияти самараноки хоҷагиҳои пахтакор масъалаи муҳим дар ин самт мебошад.
Пахта маҳсулоти даромаднок аст. Агар кишоварзон маҳсулоти дигар парвариш намоянд, бояд онро коркард карда, зуд ба фурӯш бароранд, зеро он вайроншаванда аст. Нахи пахтаро деҳқон метавонад захира намояд ва дар ҳолати зарурӣ ба фурӯш барорад.
Коршиноси соҳаи кишоварзӣ Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки кишоварзони мо таҷрибаи хуби пахтапарварӣ доранд ва метавонанд ҳосили баланди онро таъмин намоянд, агар аз он даромади хуб гиранд. Мушкилоти асосие, ки имрӯз мо дорем, бо арзиши паст харидорӣ кардани пахта мебошад. Зеро хароҷоти истеҳсоли пахта хеле зиёд мебошад, барои парвариши он қувваи корӣ, сӯзишворӣ, нуриҳои минералию маъдании органикӣ ва техникаи кишоварзӣ сарф мешавад.
«Агар мушоҳида карда бошед, имрӯзҳо тухмие, ки мо кишт мекунем, шартӣ мебошад. Хоҷагиҳои пахтапарварӣ тухмиро аз ҳосили истеҳсоли худ ё дигар хоҷагиҳо мегиранд. Бояд низоми тухмипарварӣ ва таъмини тухмии хушсифат пурра назарот карда шавад. Масалан, дар як минтақа як хоҷагии тухмипарварӣ масъул карда шавад ва он минтақа тавонад аз ин хоҷагӣ тухмии хушсифат дастрас намояд. Агар ин ва дигар мушкилоти пахтапарварӣ ҳал шаванд, истеҳсоли пахта барзиёд иҷро мегардад», -илова кард номбурда.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки тағйирёбии иқлим ногузир аст ва он аз мо вобаста нест. Мо бояд ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шавем. Агар ба ин вазъият мутобиқ нашавем, наметавонем ҳосили дилхоҳ ба даст орем ё дар мамлакат пахтапарвариро равнақ диҳем. Одитарин мутобиқгардонӣ- ин ихтирои навъ ва намудҳои ба тағйирёбии иқлим тобовар мебошад. Бояд олимони тоҷик навъҳои ватание ихтироъ намоянд, ки ба низоми тағйирёбии иқлим устуворӣ дошта бошанд. Дар вақти тағйирёбии иқлим ин навъҳо тавонанд худро ҳифз карда, ҳосили дилхоҳ диҳанд. Инчунин ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво корҳои агротехникӣ ба низом дароварда шаванд. Соли 2024 бо баланд гардидани гармии ҳаво кишоварзон обмониро бештар намуданд. Ин амал боиси он шуд, ки бештари растаниҳо ҳосили худро аз даст доданд. Таъмини нуриҳои минералию заҳрхимикатҳо низ ба фаровонҳосилӣ мусоидат мекунад.
Ба андешаи коршиносон, агар арзиши ин зироати стратегӣ баланд нашавад, ҳавасмандии кишоварзон барои кишти ин зироат дар солҳои оянда кам мегардад. Агар ин маҳсулот бо назардошти маҷмуи хароҷоте, ки марди деҳқон барои истеҳсоли пахта сарф намудааст, каме баландтар харидорӣ шавад, ҳавасмандии марди деҳқон зиёд шуда, майдони кишт бештар ва ҳосил хуб ҷамъоварӣ карда мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед






