Дар Тоҷикистон Маркази омодагӣ ва имтиҳони HSK таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Маркази омодагӣ ва имтиҳони Hanyu Shuiping Kaosh (HSK) таъсис дода мешавад. Дар ин хусус зимни вохӯрии муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддини Баҳриддин бо роҳбари Маркази байналмилалии санҷиши забони чинӣ Ли Пейзэ, ки дар шаҳри Пекин доир шуд, иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ иттилоъ доданд, ин марказ ба донишҷӯёни тоҷик имконият медиҳад, ки бе хароҷоти сафар ба хориҷ, дар дохили ҷумҳурӣ сертификати байналмилалӣ ба даст оранд ва барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои беҳтарини Чин омода шаванд.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ масъалаи муҳимми таъмини дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба имтиҳони байналмилалии HSK-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи пешниҳоди Маркази барномаҳои байналмилалӣ, ҷониби чинӣ омодагии худро барои кушодани намояндагии расмии HSK дар Тоҷикистон, ташкили курсҳои ройгони омодагӣ барои донишҷӯён ва муҳассилини тоҷик ва баргузории имтиҳони байналмилалии HSK дар мамлакат изҳор намуд.
Бояд гуфт, сертификати байналмилалии HSK яке аз муҳимтарин санадҳои забономӯзӣ ба шумор рафта, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти калидӣ дорад.
Маркази байналмилалии санҷиши забони чинӣ ва платформаи «ChinesePlus», ки дар назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият мекунанд, ташкилотҳои расмии давлатӣ буда, татбиқи барномаҳои омӯзишӣ ва санҷишии забони чинӣ дар ҷаҳонро ҳамоҳанг месозанд.
АКС: Маркази барномаҳои байналмилалӣ








8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






