Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии иҷрои қарори мазкур гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуда, омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро ба зимистонгузаронӣ мавриди омӯзиш қарор додааст.
Дар ҷараёни санҷиш фаъолияти муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, молия, кишоварзӣ, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҷамъиятҳои матлубот, шабакаҳои барқӣ ва дигар соҳаҳо таҳлил шуда, натиҷаҳои он ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст.
Дар ҷаласа масъалаҳои маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводҳои сӯхт, озуқаворӣ, зиддилағжиш, инчунин омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар мушкилоти ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






