Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳои «Донишҷӯи сол-2025» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» қадрдонӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ин озмунҳо бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонон ва ихтироъкорону навоварон баргузор гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд барои амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Ҳамзамон дар самти ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба омӯзиши илм, соҳибкасб гардидани онҳо ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварон аз зарфияти мавҷуда мақсаднок истифода мешавад.
Имрӯз дар баробари рушди бесобиқаи илму техника ва истифодаи васеи технологияҳои пешқадам татбиқи усулҳои инноватсионии таълим, ташаккули робитаи мустаҳками илму истеҳсолот, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи ҷавонони бомаърифат ва донишманду навовар аз вазифаҳои муҳим ва ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






