Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб доир ба вазъи пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, барои баланд бардоштани фарҳанги тиббӣ, пешгирии бемориҳои мавсимӣ, сироятӣ ва ғайрисироятӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамоишҳо доир карда мешаванд.
Ба тавсияи мутахассисон, тамокукашӣ яке аз омилҳои хатарнок барои бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла саратон ва бемориҳои дилу рагҳо ба ҳисоб меравад. Тибқи нишондиҳандаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳоло дар ҷаҳон аз шумораи умумии аҳолӣ қариб 1 миллиард нафар мардон ва 250 миллион нафар занон тамоку мекашанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку якчанд тадбири муҳим андешидааст. Барнома ва ҳуҷҷатҳои дар ин самт қабулгардида далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, тамокукашӣ 10 фоизи марги аҳолии калонсоли ҷаҳонро ташкил дода, ҳамасола 5,4 миллион нафар одамон аз бемориҳои ба тамокукашӣ вобаста мефавтанд.
Дар ҳамоиш иштирокчиён доир ба вазъи бемориҳои ғайрисироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар мамлакат маъруза намуданд.
АКС: Коллеҷи тиббии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






