ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 27.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими нави ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 12 миллиону 475 ҳазору 368 дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин тадбир дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини сабзазоркунию хуррамгардонӣ ва ободу зебо гардонидании гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ амалӣ карда мешавад.
Ба иттилои директори Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ» Олимхон Тағозода, яке аз иқдоми наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт аст. Ин амали нек идомаи сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат мебошад. Ҳамзамон бо назардошти мубрам боқӣ мондани масъалаи тозагӣ ва экологӣ дар шароити шаҳрҳои калон, махсусан пойтахтҳои давлатҳо ин пешниҳод ҳамовозии саросарӣ пайдо намуд.
Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ» дар самти сабзкорӣ намудани кӯчаю хиёбон, боғҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт саҳми назаррас дорад. Дар ҳудуди ин корхона 1 гармхонаи нави замонавии ба талаботи муосир ҷавобгӯ дар 2000 метри мураббаъ фаъолият менамояд. Ҳамчунин 4 гармхонаи калон дар 5040 метри мураббаъ ва 13 гармхонаи хурд дар 2340 метри мураббаъ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд, ки барои парвариши гулҳо дар ҳама мавсим мусоид мебошанд.
Инчунин барои парвариши гулҳои мавсимии ороишӣ беш аз 1900 метри мураббаъ катҳои гулпарварӣ ва дар 5120 метри мураббаъ палҳо барои коридани тухмии гулҳо ва парвариши гулҳои кӯчатӣ сохта шудаанд. Гармхонаҳои корхона бо пардаи шаффофи полиэтиленӣ пӯшонида шуда, ҳангоми фарорасии гармии баҳор ва тобистон бо тӯр иваз карда мешаванд.
Солҳои охир таҳти таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои мунтазами Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи сабзазоркунӣ дар Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Душанбе ривоҷу равнақ меёбад. Ин ташаббусҳо барои пок гардонидани муҳити зист, тоза нигоҳ доштани фазои экологӣ ва зебо гардидани кӯчаю хиёбонҳо нақши муҳиму арзанда доранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд






