Эрон барои ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон ва вилоятҳои он ибрози омодагӣ намуд

Декабрь 22, 2025 10:28

ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси вилояти Гулистони Эрон Алиасғари Таҳмосбӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, дар мулоқот Алиасғари Таҳмосбӣ бо ишора ба зарфияти иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангии  вилояти Гулистон омодагии ҷониби эрониро  барои ба  роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон ва вилоятҳои алоҳидаи он иброз намуд. Дар ин самт баргузории намоишгоҳҳои молу коло ва нишастҳои фаъолони иқтисодии ду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид.

Раиси вилояти Гулистон ҳамчунин барои иштироки ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 17-ум Ҷашнвораи фарҳанги ақвоми Эронзамин, ки аз бузургтарин ҷашнвораҳои фарҳангии Эрон буда, имсол  аз 16 то 19 декабр дар маркази вилоят – шаҳри Гургон баргузор гардид, изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки барномаи фарҳангии Тоҷикистон мавриди писанд ва истиқболи гарми иштироккунандагони ҷашнвора қарор гирифт.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Декабрь 22, 2025 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид