Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд

Декабрь 2, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.

Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки Туркия дар қатори аввалин кишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф намуда, робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Имрӯзҳо ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркия бо иқдоми созандаи роҳбарияти олии давлатҳоямон- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган идома ёфта, ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро фаро мегиранд.

Дар натиҷаи саъю талошҳои муштарак то имрӯз бо мақсади такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду давлат зиёда аз 80 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Ин санадҳо соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, маорифу фарҳанг, иҷтимоию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои муҳимро фаро мегиранд.

Мавқеи Тоҷикистон ва Туркия нисбат ба масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ ҳамсон ва ба ҳам наздик буда, кишварҳои мо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳою иттиҳодияҳои ҳамкории бисёрҷониба бо назардошти манфиатҳои тарафайн робитаҳои шарикии босамар доранд.

Яке аз самтҳои калидии ҳамкории байналмилалии Маҷлиси намояндагон робитаҳои байнипарламентӣ бо мақомоти қонунгузори кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Туркия мебошад. Рушд ва тавсеаи ҳамкорӣ бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия дар фаъолияти байналмилалии Парламенти Тоҷикистон мавқеи хосса дорад.

Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии даъвати нави Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия таъсис дода шуда, ҳоло муколамаҳо идома доранд.

“Маҷлиси намояндагон дар қабули қонунҳо, тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ таҷрибаи бой дорад. Мо омодагии худро барои тақвият додани ҳамкории байнипарламентӣ дар доираи санадҳои ҳамкории ду давлат иброз медорем. Ҳамзамон хоҳони ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда байни кумитаҳо ва фраксияҳои сиёсии парламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия мебошем”, — иброз намуд Файзалӣ Идизода.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ