Хазинаи байналмилалии асъор шарҳи сеюм ва ниҳоии барномаи PCI-ро дар Тоҷикистон муваффақона анҷом дод

Декабрь 26, 2025 09:03

ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Хазинаи байналмилалии асъор   баррасии сеюм ва ниҳоии татбиқи Барномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат»-ро  (PCI) ба анҷом расонид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Иҷрои муваффақонаи барнома ба таъмини суботи макроиқтисодӣ, афзоиши устувории иқтисод ва татбиқи ислоҳоти сохторӣ мусоидат менамояд. Дар доираи ин барнома мақомоти Тоҷикистон тадбирҳои мувофиқашударо дар самтҳои сиёсати фискалӣ, пулию қарзӣ ва молиявӣ пайгирона татбиқ намуданд. Дар ин маврид ба пешгирии болоравии сатҳи таваррум, таҳкими интизоми буҷетӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти молияи давлатӣ ва коҳиш додани осебпазирии бахши молиявӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Хазинаи байналмилалии асъор   нишондиҳандаҳои устувори макроиқтисодӣ, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, беҳтар гардидани мавқеи берунӣ, нигоҳдории суботи нархҳо, инчунин пешрафт дар татбиқи ислоҳоти сохториро мусбат арзёбӣ намуд. Сиёсати татбиқшуда ба таҳкими эътимод ба иқтисоди миллӣ ва афзоиши устувории он дар баробари таконҳои берунӣ мусоидат намуд.

Муваффақона анҷом ёфтани Барномаи PCI ва натиҷаҳои бадастомада барои густариши ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор   заминаи устувор фароҳам меоранд.

Татбиқи муваффақонаи Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсат чун ишораи мусбат барои сармоягузорони байналмилалӣ, шарикони рушд ва агентиҳои рейтингӣ хизмат намуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2025 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0400 то 11.0657 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5276 то 9.5600 сомонӣ муқаррар шудааст
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид