Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳоро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 33 масъала қабул намуданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллӣ хулосаҳои соҳавиро нисбат ба масъалаҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Тибқи рӯзнома, аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.
Пас аз муҳокима ҳамчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ», ки дар шакли қонуни мукаммал қабул ва пешниҳод шудаанд, ҷонибдорӣ гардиданд.
Дар идома аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ва «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро баррасӣ ва оид ба ҷонибдории онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси миллӣ дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Зафар Азиззода қабул гардид.
Ҳамчунин дар иҷлосия пас аз баррасии пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳаи Тавилдараи ноҳияи Сангвор ба категорияи шаҳрак мансуб дониста, Сомондеҳ номгузорӣ карда шуд.
Дар фарҷом бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 тасдиқ карда шуд.
Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба баъзе масъалаҳои ҳалталаб баёни андеша намуданд.
Аз ҷумла, иброз намуданд, ки вақтҳои охир дар байни сокинони мамлакат, бахусус насли наврас ҳолатҳои истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Таҳқиқоти илми тиб собит намудааст, ки истифодаи мунтазами сигорҳои электронӣ барои саломатии инсон, бахусус ҷавонону наврасон зараровар буда, ба зиёдшавии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва шуш, аз ҷумла саратон оварда мерасонад.
Аз ин рӯ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллиро вазифадор намуданд, ки қонунгузории мамлакатро дар ин самт мавриди таҳлил қарор дода, оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Бо ҳамин иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум анҷом ёфт.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон











Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд






