Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ватандӯстӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату осоиштагӣ бузургтарин неъматанд, ки қимати онҳоро ба арзиши ҳеҷ чизи дигар баробар кардан имкон надорад. Чунин иброз доштааст судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотеҳ Қувватзода дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар».
– Чун давлати абарқудрати Сомониён баъди як саду ду солу шаш моҳу даҳ рӯзи мавҷудият суқут кард, решаву бунёди миллат ба ларза омад. Касе таърихи миллатро эҳтиром мекунад ва меомӯзад, нағз дар хотир дорад, ки ин фоҷиаи бузурги миллӣ давоми беш аз 1100 соли минбаъда аз лавҳи хотири миллат зудуда нагашт.
Боиси ифтихор аст, ки дар давлати Сомониён забони давлатӣ забони тоҷикӣ-форсӣ буд ва девони вазоратҳоро аксаран тоҷикони хирадманду сиёсатмадор роҳбарӣ мекарданд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Сулолаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён, ки қариб ҳазор сол мушти салтанаташон болои сари мардуми тоҷик буд, маҳз ба хотири забони суфтаву ноби тоҷикӣ ва илму фарҳанги волои миллати тоҷик коргузории расмии давлатҳои худро бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда, корҳои вазорату девондории дабиронашон ба дасти олимон, адибон ва арбобони давлатии тоҷик буд».
Миллати сарбаланди тоҷик ба ҳама сахтиҳо тоб оварда, дар орзуи истиқлолият зиндагиро идома медод. Инак, офтоби истиқлолият ба сарзамини куҳанбунёди тоҷикон нурҳои сафобахш пошид ва ба мазраи дилҳо расид. Миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро ба ҷаҳониён эълон кард. Рӯзи Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон аз пурифтихортарин санаҳо дар таърихи ҳазорсолаи тоҷикон маҳсуб мешавад.
Пас аз ноил шудан ба истиқлолияту озодӣ Тоҷикистон ба дастоварду муваффақияте ноил гардид, ки қобили таҳсин мебошанд. Дар ин давраи тиллоӣ обрӯ ва эътибори давлат зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Ин боиси ифтихору сарбаландии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Имрӯзҳо дастоварду пешравиҳо дар ҳама самти ҳаёт дида мешаванд, вале фаромӯш набояд кард, ки зиндагӣ ҳамеша шебу фароз дорад ва ин ҳолат дар ҳама давру замон ва давлату давлатдорӣ низ ба вуқуъ мепайвандад.
Зимни давлату давлатдорӣ дар баробари муваффақияту музаффарият, инчунин нокомию нобарорӣ ҳам ба амал омаданаш имкон дорад. Мо набояд бузургтарин дастовардҳои миллӣ — Истиқлолияту озодӣ, ваҳдату осоиштагиро аз мадди назар дур созем. Зеро омилҳои табиӣ ё дигар ҳолатҳое, ки ба пешравии баъзе самтҳои хоҷагии халқ монеа мешаванд, набояд дар дили мардум руҳафтодагию ноумедӣ ё нобоварию адоватро ба вуҷуд биёранд.
Камобиву хушксолӣ ҳодисаи табиӣ буда, ба кам гардидани истеҳсоли барқи обӣ, ки асоси онро дарёҳои шодоби мамлакатамон ташкил медиҳанд, боис гардидааст. Барои мисол, дарёи Вахш, ки он аз ду рӯди азим — Сурхоб ва Хингоб маншаъ мегирад, имрӯзҳо дар баъзе аз мавзеъҳои он пиёда гузаштан имкон дорад, ки дар солҳои охир чунин ҳолат бесобиқа мебошад. Баъзан инсоният дар пеши ҳодисаҳои табиӣ ва рафъ намудани онҳо оҷиз мебошад. Чунин ҳолат дар дигар кишварҳо низ ба амал омадаанду меоянд.
Аз ин лиҳоз дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири ҳазорсолаи гузашта мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусияти давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин барои миллати тоҷик ва мардуми шарафманди Тоҷикистон ифтихори бузург аст.
Бинобар ин, ҳамаи мо – шаҳрвандони Тоҷикистонро мебояд, ки дар ҳама лаҳзаҳои душвор беш аз ҳар вақти дигар дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муттаҳид бошем. Инчунин Истиқлолияту озодӣ ва сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаамонро ҳифз кунем, манфиатҳои миллию давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва пешрафту шукуфоии ин замини аҷдодӣ софдилона ва аҳлона саъю талош намоем.
Бахусус ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳо мебошад, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки истиқлолияту озодӣ, ваҳдату осоиштагӣ бузургтарин неъматеянд, ки пас аз 1100 соли бедавлатӣ ба миллати тоҷик муясар гардиданд. Нигоҳ доштани ин неъмати беназир дар шароити имрӯза масъулияти бузургу сангин буда, аз онҳо доштани ифтихори миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ору номус, баъдан ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишандӯзӣ ва бархурдор будан аз илмҳои муосирро тақозо мекунад.
Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА,
судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз муаллиф








Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд






