Илм ва маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад

Декабрь 27, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 27.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар собит месозад, ки илм ва маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, ҳамчун заминаи асосии пешрафти устувори мамлакат баррасӣ карда мешаванд. Афзоиши пайвастаи маблағгузорӣ, таваҷҷуҳ ба мақоми омӯзгор, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир шаҳодати равшани ғамхории давлат нисбат ба насли наврас ва рушди зеҳнии ҷомеа мебошад.

— Соҳаи маориф дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавқеи хос ва афзалиятнок дорад. Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки маҳз тавассути рушди илму маориф метавон ояндаи дурахшони давлату миллатро таъмин намуд.

Ба иттилои Сарвари давлат, дастгирии илму маориф сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва кафолати пойдории давлат мебошад. Маҳз бо ҳамин ҳадаф маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол афзоиш ёфта, дар айни замон зиёда аз 21 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ афзоиши пайвастаи маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ба шумор меравад. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки барои соҳаи маориф соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта афзоиши назаррас дорад. Ин иқдом ба беҳтар гардидани инфрасохтори соҳа, таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил мусоидат намудааст.

Дар меҳвари ислоҳоти соҳаи маориф омӯзгор қарор дорад. Баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ боис гардид, ки мақоми омӯзгор дар ҷомеа тадриҷан таҳким ёбад. Имрӯз омӯзгор на танҳо муаллим, балки тарбиятгари насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъули ҷомеа маҳсуб мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар паёмҳо ва суханрониҳо нақши калидии омӯзгорро дар рушди давлату ҷомеа таъкид намуда, чунин иброз доштаанд: «Омӯзгор чароғи маърифат ва роҳнамои ҷомеа мебошад. Пешрафти давлату миллат бевосита ба сатҳи дониш ва масъулияти омӯзгор вобаста аст».

Ҳамчунин Сарвари давлат таъкид намудаанд, ки «мо ба омӯзгор ҳамчун тарбиятгари насли оянда ва асосгузори ҷомеаи солим эҳтироми хосса дорем ва дастгирии ин қишри ҷомеаро вазифаи муқаддаси давлат мешуморем».

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ садҳо кӯдакистон ва ҳазорҳо мактабҳои замонавӣ бунёд гардидаанд. Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки дар маҳалҳое, ки шумораи аҳолӣ зиёд аст, таъсиси муассисаҳои томактабӣ бояд ҳатмӣ бошад, то фарогирии кӯдакон ба таҳсил бештар гардад.

Ҳамзамон баланд бардоштани сифати таҳсил яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Истифодаи технологияҳои муосир, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо ва озмунҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад, ки маорифи тоҷик ба марҳалаи нави рушд ворид гардидааст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ аҳамияти хосса касб намудааст. Қабули «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» имкон фароҳам овард, ки насли наврас бо донишҳои муосир мусаллаҳ гардида, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намояд.

Дар баробари ин, омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҳамчун омили муҳимми рушди иқтисодӣ ва илми мамлакат дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавқеи калидӣ дорад. Эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба ташаккули тафаккури илмӣ, рушди инноватсия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мусоидат менамояд.

Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки илм неруи асосии пешрафти давлат мебошад. Имрӯз таваҷҷуҳ ба илмҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ рӯз ба рӯз афзоиш ёфта, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ихтисосҳои нав таъсис дода мешаванд. Ин иқдом ба рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор мегузоранд.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони соҳаи маорифро дучанд намуда, онҳоро ба фаъолияти боз ҳам самаранок, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва созанда ҳидоят менамоянд. Бешубҳа, татбиқи пайгиронаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат омили асосии таъмини ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол хоҳад буд.

Асомиддин БОБОЗОДА,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур

Декабрь 27, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
Ҷанбаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соҳаи инноватсия тавзеҳ дода шуданд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
ҶАННАТ ҲУСЕЙНЗОДА – «МОТСАРТИ ҶАВОН»
Дар Кумитаи рушди маҳал Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар Саридораи геология оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор кафили имрӯзу фардои нусратёри мост
БОЗНИГАРИИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ СИЁСӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд
Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд