Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд

Декабрь 3, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук ва  рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм,  рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз  2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз  2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм,  рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук,  рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар  як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 3, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба одамон наздиктар. Ифтитоҳи марказҳои нави хизматрасонии МегаФон Тоҷикистон
Доир ба вазифаҳои илми муосири иқтисодӣ конференсия баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Сарфаҷӯии неруи барқ яке аз омилҳои таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд
Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хокбориш ба амал меояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво 16 дараҷа гарм мешавад
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон мулоқот намуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд