ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад
ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ соли 2026 беш аз 300 гектар замин обёрӣ гардида, ба гардиши кишт ворид карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.
Дар айни замон ба беш аз 9,5 километр замин об оварда шудааст. Об тавассути қубурҳои пластикӣ ба маркази деҳа ва ба минтақаи баландии деҳа (5,5 километр) интиқол меёбад. Ҳоло корҳои кашидани хати об идома дошта, баъди анҷоми он сокинон омодаанд бо роҳи ҳашар оби сойро тавассути қубурҳои пластикӣ ба деҳа ворид кунанд.
Калонтарин ҳавзи деҳа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таъмир мешавад. Он 2700 метри мукааб ғунҷоиши об дошта, баъди ба ҳавз расидани об имконият медиҳад дар як вақт 60 гектар замин бо об таъмин карда шавад.
Ҷамоати деҳоти Рарз дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз ҷиҳати иқтидори кишоварзӣ яке аз минтақаҳои беҳтарин ва дорои хоки серҳосил ба шумор меравад. Ҳосили серобу босифат ҳам аз заминҳои корам ва ҳам аз боғҳои суннатию интенсивӣ ба даст оварда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






