Кабк «Парандаи сол-2026» интихоб гардид

Декабрь 28, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 28.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз байни 10 парандаи пешниҳодгардида кабк «Парандаи сол-2026» интихоб гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин тасмим дар озмуни «Парандаи сол-2026», ки ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ доир гардид, гирифта шуд.

Ҳадафи озмуни «Парандаи сол» тарғибу ташвиқи муносибати эҳтиромона нисбат ба табиат, зебоӣ ва муаррифии намудҳои гуногуни паранда ва нақши онҳо дар экосистемаҳо мебошад.

Кабк яке аз зеботарин парандаҳои табиати Тоҷикистон буда, дар зиракию ҳушёрӣ нисбат ба дигар мурғони хушхон бартарӣ дорад. Дар бораи парвариш ва шикори кабк дар байни мардум донишу таҷрибаҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳатто бовару эътиқод, ривоятҳои гуногуни фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба кабк дар байни мардуми тоҷик мавҷуд мебошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки кабк зебоии табиатро бо овози хушу дилнишинаш боз ҳам зеботар мегардонад. Садои форами кабкро бисёриҳо хуш доранд. Садои хуши кабк бештар ба бемории асаб шифо мебахшад. Гӯшти кабк серғизо буда, ба баъзе бемориҳо давобахш аст.

Кабк парандаи зебо ва хушовоз буда, ҷуссааш миёна, вазни кабки модина 350—550 грамм, болаш 142—162 милиметр, кабки нарина 450—750 грамм, болаш 157—175 милиметр мебошад. Рангаш ҷигарии равшан ва кабудтоб буда, дар паҳлуяш хатҳои кӯндаланги сиёҳ, сурхчаи тира ва сафед дошта, нӯлаш ва пойҳояш сурх мебошанд. Кабк асосан дар нишебиҳои санглохи кӯҳсор сукунат мекунад. Баъзан дар буттазори анбӯҳ ва дарахтзор низ вомехӯрад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон шуруъ аз соли 2008, яъне давраи аввали баргузории озмуни «Парандаи сол» парандагони гуногун, аз қабили мурғи ҳумо, ғози кӯҳӣ, кабки дарӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, товусаки биҳиштӣ, мурғи ҳилоли тибетӣ, ҳудҳуд, шоҳин, фароштуруки деҳотӣ, шоҳуқоб, заргулдор, саъба, фохтак ва дуғдоғи зебо парандаи сол интихоб гардидаанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 28, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили пиёз идома дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Меъмории миллӣ ба ташаккули симои нави шаҳрҳо ва муҳити зисти муносиб мусоидат менамояд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид
Ҳаҷми умумии маблағгузории сармоя дар ноҳияи Хуросон ба зиёда аз 337 миллион сомонӣ расонида шуд
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим дар муколамаи ҷавонон баррасӣ шуданд
Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад