Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд

Декабрь 23, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 22 то 24 декабр дар ҷумҳурӣ софшавии ҳаво, фаромадани туман, яхбандӣ ва қирав пешгӯӣ карда мешавад.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъди қатъи бориши борону барф ва софшавии ҳаво дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон яхбандӣ, фаромадани туман ва қирав боқӣ мемонад. Шабона ва саҳаргоҳон бадшавии дурии биниш то 100-300 метр дар назар буда, дар роҳҳои мошингард, пиёдагард ва хатҳои барқ ба амал омадани яхбандӣ пешгӯӣ карда мешавад. Ин ҳодисаҳои табиӣ метавонанд сабаби мураккабшавии вазъи роҳҳои мошингард ва афзоиши хатари садамаҳои нақлиётӣ шаванд.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш менамояд, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бе зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд, ба чарогоҳҳои кӯҳию шикор ва моҳидорӣ низ нараванд.

Ҳамчунин кумита аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд, мошинҳояшон пешакӣ барои сафар омода созанд, ҳамеша бо худ асбобу таҷҳизоти зидди яхбандӣ дошта бошанд. Дар чунин рӯзҳо риояи фосилаи байни мошинҳо низ хеле муҳим аст.

Инчунин мутахасисони кумита ба ронандагон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, аз идораи воститаҳои нақлиёт дар роҳҳо бо суръати баланд худдорӣ намоянд, бо худ занҷирҳои зиддилағзиш дошта бошанд, дар ҳолати танбашавӣ ба хати муқобили ҳаракат набароянд, ба кори техникаи махсус, ки ба чош додани маводи зиддилағзиш машғул аст, монеа эҷод накунанд.

Масъулияти бештар ба ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ вогузор шудааст, зеро онҳо вазифадор ҳастанд, ки ҳатто дар шароити мураккаби обу ҳаво ҳамлу нақли саривақтӣ ва бехатари мусофиронро таъмин намоянд. Ронандагонро мебояд дар шароити номусоиди боду ҳаво бо мақсади бехатарӣ бе зарурат ба роҳ набароянд. Аз ронандагони мошинҳои боркаш ва сабукрав хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз сафар тавассути ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ аз маълумот дар бораи обу ҳаво огоҳ шаванд.

Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои фавқулода бо телефонҳои 112 ё 93 880 28 19 занг зананд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 23, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд