Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоӣ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин намудани занону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабр зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлат дар масъалаи фарҳанги либоспӯшии занону духтарон сухан гуфта, таъкид намуданд, ки «занону модарони азиз, маданияти либоспӯширо фаромӯш накунед. Мо, тоҷикон медидем, ки падару модарони мо чӣ гуна либос мепӯшиданд».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки «занони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд».
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи дастуру супоришҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумита дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастию хурофот ва исрофкорию зиёдаравӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Соли 2026 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва муосиргардонии он баргузории иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ — ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем», «Сад ранги чакан» ва «Намоиш-фурӯши маҳсулоти чаканию гулдӯзӣ»-ро ба нақша гирифтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои он дар минтақаҳои Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ-ташвиқотии «Зан-маҳзари покизагӣ» ва машваратҳо бо усулҳои «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» идома доранд.
Дар доираи ин чорабиниҳо бо сокинон оид ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист, дар соати муайян партофтани партовҳо, сарфаю сариштакорона истифода бурдани қувваи барқ, дуруст тарбия кардани фарзандон, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии зӯроварӣ дар оила, зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҷалби фарзандон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Тавре корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова дар суҳбат иброз намуд, фарҳанг дар ҳар давру замон ҳастии миллат ба шумор меравад. Он маҷмуи расму ойин, либос, маърифат, донишу илм, адаб, мусиқию рақс ва дар замони муосир кино, театр, китобхонаҳо ва осорхонаҳоро дар бар мегирад. Дар маҷмуъ, фарҳанг ҳама самтҳои муҳими ҳаёти иҷтимоиро фаро гирифта, ҳамчун шиносномаи миллат хизмат мекунад.
Дар ин миён либос яке аз рукнҳои муҳими фарҳанг маҳсуб мешавад, зеро он симои миллат, расму ойин ва ифтихори миллиро таҷассум менамояд. Либос аз ихтирооти қадимтарини инсоният буда, вобаста ба муҳит, макон ва хусусияти миллӣ шакл гирифтааст. Нақшу нигор, ранг ва зебоии либос инъикосгари ормон, тахайюл ва руҳияи мардум буда, ҳамчун нақшу нигори миллӣ шинохта мешавад.
Либоси миллии тоҷикон аз унсурҳои гуногун, аз қабили курта, ҷома, нимтана, рӯймол, сарандоз ва тоқӣ иборат буда, ҳамаи онҳо хоси миллати фарҳангсолору куҳанбунёд мебошанд. Давоми таърих матоъҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрас, беқасабу кимхо, шоҳиву алоча мавқеи хоси худро нигоҳ доштаанд. Ин матоъҳо бо нақшу нигори зебо оро ёфта, маҳсули ҳунару завқи баланди занону модарони тоҷик мебошанд.
«Либоси миллӣ симои зани тоҷикро бо иффат, латофат ва зебоӣ оро дода, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллӣ боқӣ мондааст. Занону духтарон ҳамчун нигоҳдоранда, ҳифзкунанда ва интиқолдиҳандаи суннату анъана, фарҳанг ва забон дар пойдории арзишҳои миллӣ нақши калидӣ доранд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала пайваста ба занҳо такя менамоянд ва онҳоро посдорандаи расму оинҳои миллӣ меноманд», – мегӯяд Маҳбуба Азимова.
Бояд гуфт, ки бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба сатҳи давлатӣ бардошта шуд. Маҳз бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат соли 2018 санъати чакандӯзӣ ҳамчун мероси ғайримоддии башарият ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид.
Ҳамсуҳбати мо бо нигаронӣ иброз намуд, ки бо вуҷуди ин ҳама шароити мусоид, пешравиҳо ва дастовардҳои занони тоҷик, мутаассифона, имрӯз бархе занону духтарон ба либосу фарҳанги бегона майл намуда, аз арзишҳои миллӣ дур мешаванд. Ин раванд қобили қабул набуда, метавонад ба симои фарҳангии миллат таъсири манфӣ расонад. Таърих гувоҳ аст, ки зани тоҷик ҳатто дар шароити мушкил арзишҳои миллиро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузоштааст.
Имрӯз вазифаи ҳар зани тоҷик аст, ки бо либоси миллӣ ҳамчун муаррифи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ баромад намояд, зеро миллатро, пеш аз ҳама, аз рӯи фарҳанг ва либоспӯшӣ мешиносанд. Ҳифзи либоси миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ рисолати муҳими модарону занон мебошад. Ин масъаларо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли равон зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ бо нигаронӣ изҳор доштанд, ки «занону модарони азиз, маданияти либоспӯширо фаромӯш накунед». Аз ин рӯ мо вазифадорем, ки либоси миллии худро бо тамоми ҷузъиёташ ҳамчун ҳастии миллат ҳифз намуда, онро бо ифтихор ба наслҳои оянда чун мероси гаронбаҳо интиқол диҳем.
Ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мумина Шовалиева иброз медорад, ки либоспӯшии занону духтарон танҳо масъалаи зоҳирӣ нест, балки оинаи таърих, ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти миллии ҳар миллат ба шумор меравад. Дар фарҳанги тоҷикон либоси миллӣ насл ба насл ҳамчун рамзи покӣ, зебоӣ, ҳикмат ва ахлоқ интиқол ёфтааст. Атласу адрас, чакан, куртаҳои миллӣ ва рӯймолҳои суннатӣ танҳо матоъ нестанд, балки забони хомӯши фарҳанганд, ки аз гузашта то имрӯз бо мо сухан мегӯянд.
Ба андешаи мардумшинос Мумина Шовалиева, ҳифзи фарҳанги миллӣ маънои рад кардани навовариро надорад. Баръакс, метавон бо пайвастани унсурҳои замонавӣ ва миллӣ либосҳое офарид, ки зебо, мувофиқ ба замони муосир ва ҳам решадор дар суннат бошанд. Дар ин самт тарбияи фарҳангӣ, маърифати таърихӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷавонон аҳамияти махсус дорад.
«Мо, мардумшиносон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат вобаста ба либоспӯшии занону духтарон таҳқиқоти зиёде анҷом додаем. Дар ҷараёни ин омӯзишҳо мушоҳида кардем, ки занон ва духтарон дар давраҳои гуногун чӣ гуна либосҳоро ба бар менамуданд ва ҳар навъи либос бо муҳит, анъана ва ҷаҳонбинии ҷомеа иртиботи зич дошт», – мегӯяд мардумшинос.
Мумина Шовалиева иброз намуд, ки ҳеҷ гоҳ даъват нашудааст, ки занону духтарон ҳатман ҳамон либосҳои қадимаро бо шакли пешинаашон ба бар намоянд. Баръакс метавон матоъҳои миллиро бо дӯхти муосир, аммо бо завқи тоҷикона истифода бурд. Муҳим он аст, ки арзишҳои миллӣ дар либоспӯшӣ ҳифз гарданд.
-Тавре имрӯз мушоҳида мекунем, изҳор медорад мардумшинос,- бисёре аз матоъҳое, ки дар гузашта занону духтарон онҳоро мепӯшиданд, ҳоло аз нав истеҳсол шуда, дар бозорҳо дастрас мебошанд. Ин имконият фароҳам меорад, ки онҳо бо тарзи нав, зебо ва мувофиқ ба талаботи замон дӯхта шуда, ба бар карда шаванд. Либоспӯшии муосир метавонад ҳамзамон миллӣ, шево ва мутобиқ ба фарҳанги тоҷикона бошад.
Дар воқеъ имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ, хатаре вуҷуд дорад, ки бар асари тақлид ба фарҳангҳои бегона баъзе унсурҳои асили либоспӯшии миллӣ тадриҷан аз зиндагии рӯзмарра дур шаванд. Занону духтарон ҳамчун нигаҳдорандаи анъанаҳои хонаводагӣ ва фарҳангӣ дар ин раванд нақши калидӣ доранд. Интихоби либоси муносиб, бо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ нишонаи худшиносӣ ва ифтихор аз фарҳанги миллиамон аст.
Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабр бо эътимоди комил иброз намуданд, ки занону духтарон дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастию хурофот ва исрофкорию зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад






