МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ширкати «МегаФон Тоҷикистон» зиёда аз 170 майдони нав бунёд намуда, зиёда аз 450 пойгоҳи базавии 4G/LTE ба истифода супорид. Ин имкон дод, ки минтақаи фарогирӣ ба таври назаррас васеъ карда шуда, сифати интернети мобилӣ дар саросари ҷумҳурӣ баланд бардошта шавад. Аз дастовардҳои оператор ҷоизаҳо гувоҳӣ медиҳанд: мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти мустақили ширкати DMTEL «МегаФон Тоҷикистон» аз ҷиҳати сифати алоқаи овозӣ ва таҳвили маълумот мавқеи пешсафро сазовор шуд.
Давоми сол муҳандисони ширкат зиёда аз 450 пойгоҳи базавии насли чорумро васл карда, ба кор дароварданд. Ҳамаи онҳо дар диапазонҳои 800, 1800, 2300 ва 2600 МГс кор мекунанд. Истифодаи басомадҳои гуногун ва афзоиши шумораи пойгоҳҳои базавӣ болоравии қобилияти гузариши шабака ва дастрасии устуворро ба интернети босуръати мобилӣ барои муштариёни тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ– ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар нуқтаҳои алоҳидаи аҳолинишин таъмин намуд.
Барои таъмини фаъолияти беисти шабака дар шароити душвори иқлимӣ дар пойгоҳҳои базавӣ 85 маҷмуи нави генераторҳои дизелӣ ва панелҳои офтобӣ насб гардид. Илова бар ин, дар 232 пойгоҳи базавӣ беш аз 600 батареяи аккумуляторӣ иваз карда шуд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки муштариён ҳатто ҳангоми қатъшавии барқ дар хатҳои барқтаъминкунӣ бо алоқа ва интернет таъмин бошанд.
Оператор ҳамзамон шабакаи хатҳои алоқаи магистралии нахӣ-нурии худро инкишоф медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки ҳаҷмҳои калони трафик байни шаҳрҳо интиқол дода шаванд. Соли 2025 таҷҳизот дар самтҳои Хуросон – Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ– Қумсангир – Панҷ – Фархор – Ҳамадонӣ – Восеъ –Темурмалик – Данғара – Норак ба таври маҷмуӣ иваз карда шуд. Дар натиҷа қобилияти гузариши магистрал даҳ маротиба боло рафт, ки ин ба суръат ва устувории таҳвили маълумот таъсир мерасонад.
Корҳои шабеҳ дар Файзобод ва Обигарм анҷом дода шуданд. Сохтмони хати алоқаи нахӣ-нурии Ҷиликул – Қабодиён – Шаҳритус фаъолона ҷараён дорад. Қитъаи нав сатҳи устувории шабакаро дар минтақаи ҷанубӣ беҳтар мекунад ва барои афзоиши минбаъдаи трафики интернет замина мегузорад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, қитъаи Ванҷ – Хоруғ 17 хати радиорелейӣ мавриди навсозӣ қарор гирифта, иқтидори таҳвилӣ то 2 Гбит/с баланд бардошта шуд. Ин устувории пайвастшавиро дар минтақаҳои кӯҳӣ беҳтар намуд.
Дар Душанбе қариб 50 фоизи ҳалқаҳои шабакаи таҳвилӣ нав карда шуда, иқтидори онҳо 10 маротиба зиёд карда шудааст. Ин фаъолияти устувори интернетро ҳангоми сарбориҳои баланд таъмин мекунад ва барои ба роҳ мондани хизматрасониҳо ва технологияҳои нави рақамӣ, бахусус 5G заминаи технологӣ фароҳам меорад. Соли 2025 МегаФон Тоҷикистон 6 пойгоҳи нави базавии насли панҷумро ба кор дароварда, ба муштариён дастрасиро ба суръатҳои гигабитии таҳвили маълумот пешниҳод намуд.
Яке аз натиҷаҳои корҳои бомиқёс дар самти сохтмону навсозии шабака мавқеи пешсафи ширкат аз ҷиҳати сифати алоқа мебошад, ки аз ҷониби DMTEL дода шудааст. Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти мустақиле, ки аз моҳи май то августи соли 2025 дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон гузаронида мешуд, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аз рӯи нишондиҳандаҳои сифати алоқаи овозӣ ва таҳвили маълумот ҷойи аввалро соҳиб гардид. Оператор аз рӯи фоизи пайвастшавиҳои муваффақонаи овозӣ (77,83 фоиз) ва пасттарин сатҳи қатъгардии зангҳо (6,56 фоиз) дар ҷумҳурӣ оператори беҳтарин гардид. МегаФон Тоҷикистон суръати баландтарини таҳвили маълумотро нишон дод – 9,66 Мбит/с Downlink ва 8,25 Мбит/с Uplink. Ба иттилои ташаббускорони таҳқиқот, 82,17 фоизи тамоми масири санҷишӣ бо фарогирии устувори 4G аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» таъмин карда шудааст.
«Вазифаи асосии мо таъмини ҳама сокинони мамлакат бо хизматрасонии боэътимоди алоқа мебошад. Барои ин мо инфрасохтори телекоммуникатсионии худро пайваста рушд медиҳем ва технологияҳои замонавӣ ҷорӣ мекунем. Соли 2025 дар ин самт марҳилаи муҳим буд: барои садҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон ояндаи рақамӣ ба воқеият табдил ёфт», — натиҷаҳои солро ҷамъбаст намуда, изҳор дошт директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид






