Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид

Декабрь 15, 2025 11:35

ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба маблағгузории устувор машварат баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар машварат роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ мушкилот ва имконияти таъмини маблағгузории афзалияти миллӣ ва пешбурди механизмҳои устувори ҷалби захираҳо дар доираи ҳамкорӣ бо ҳама шариконро баррасӣ намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода иброз намуд, ки   маблағгузории устувор воситаи ниҳоят муҳим барои татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2016-2030», «Стратегияи иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037» ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии иқлимии Тоҷикистон мебошад.

Татбиқи механизмҳои маблағгузории устувор ба мо имкон медиҳад, ки захираҳоро ба самтҳои афзалиятнок — аз энергетикаи барқароршаванда то мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона созем ва сатҳи некӯаҳволии аҳолиро баланд бардорем.

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Хайруллозода иброз дошт, ки мо аз шарикони байналмилалӣ барои дастгирии ислоҳоте, ки ба баланд бардоштани сифати маблағгузорӣ ва тавсеаи имконияти ҷалби захираҳо ба афзалияти миллӣ равона шудаанд, миннатдорем. Ин иқдом барои татбиқи абзорҳои нави маблағгузории устувор ва татбиқи лоиҳаҳое, ки фоидаи иҷтимоӣ ва иқтисодии дарозмуддат доранд, замина фароҳам меорад.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами гуфт, ки  «Тоҷикистон дорои биниши оянда, ирода ва иқтидори кофӣ барои сохтани модели муассири маблағгузории устувор мебошад. Он метавонад рушди иқтисодиро суръат бахшад, устувории ҷумҳуриро тақвият диҳад ва барои аҳолӣ натиҷаҳои назаррас оварад. Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро дар ҷалби манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ аз даромадҳои давлатӣ то сармояи хусусӣ, маблағгузории имтиёзнок ва омехта, инчунин механизмҳои инноватсионии маблағгузории устувор — коғазҳои қиматнок дастгирӣ мекунад».

Дар машварат лоиҳаи «Харитаи роҳи маблағгузории устувори Тоҷикистон» муаррифӣ гардида, аҳамияти банақшагирии стратегӣ, ҷалби сармояи хусусӣ ва тавсеаи абзорҳои маблағгузории устувор таъкид шуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 15, 2025 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд