ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст
ДУШАНБЕ, 20.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» имзо намуданд.
Қонун бо назардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, мақсад аз он баланд бардоштани мақоми омӯзгор, омодасозӣ, иҷрои самараноки уҳдадориҳо, таъмини ҳуқуқ ва кафолатҳои иҷтимоии омӯзгор мебошад.
Тавре муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, қонун кафолати аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбӣ кардани омӯзгорро таъмин намуда, заминаи устувори меъёрии ҳуқуқиро барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа таъмин менамояд.
«Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз 6 бобу 16 модда иборат буда, масъалаҳои принсипҳои асосии мақоми омӯзгор, ҳуқуқу уҳдадориҳо, тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аттестатсия ва дараҷаи тахассусии омӯзгор, маҳдудият ва дахлнопазирӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ, кафолату ҳавасмандгардонӣ барои омӯзгор ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи ин қонунро дар бар мегирад», -иттилоъ дод Ҳомид Ҳошимзода.
Дар боби 3, моддаи 10-и қонун омадааст, ки фаъолияти касбии омӯзгор дахлнопазир аст. Омӯзгор ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбӣ аз дахолати мақомоти ғайрисоҳавӣ, таҳқир, зӯроварӣ ва фишор ҳифз карда мешавад.
Мувофиқи моддаи 9-и ҳамин боб ба музди меҳнати омӯзгороне, ки дорандаи дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд, дар муассисаи таълимии ҷои кори асосиашон иловапулӣ ба андозаи 30 дарсади маош аз як сарчашма муқаррар карда мешавад, агар онҳо мутобиқи ихтисос кор кунанд.
Инчунин ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ки шогирдонашон дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд, иловапулӣ ба андозаи 20 дарсади музди меҳнати амалкунандаашон давоми як соли таҳсили минбаъда пардохт карда мешавад.
Ба иттилои муовини якуми Вазири маориф ва илм, дар доираи ҳамин қонун дар муассисаи таълимӣ барои фаъолияти омӯзгор шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардидааст, ки мунтазам дар доираи имконияти буҷети маҳаллӣ барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии онҳо (махсусан дар шароити деҳот) тадбирҳои амалӣ андешанд.
Барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор, бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дар вақти фаъолият ҷалб накардани омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ дар сархати 12 моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» чунин меъёр пешбинӣ карда шуд: «Дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳатмии ҳарбии омӯзгор ба таъхир гузошта мешавад».
Баъдан дар қисми 2, моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бартарият дода шуд, ки таҳсилоти олии дуюми равияи омӯзгориро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон гиранд.
Тибқи боби 3, моддаи 8-и қонун ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор зери ҳимояи давлат қарор доранд. Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия алоқаманд нест, манъ аст. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мавриди санҷиш ва назорат қарор дода мешавад.
Инчунин давлат барои ҳифзи саломатии омӯзгор тадбирҳои зарурӣ меандешад. Омӯзгор аз муоинаи тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гузаронида шуда, дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ба хизматрасонии солимгардонӣ фаро гирифта мешавад.
Ҳамзамон дар боби 4, моддаи 11-и қонун дарҷ карда шудааст, ки омӯзгорро ба фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, ҷалб накунанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






