Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷамъбаст гардид

Декабрь 13, 2025 08:32

ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид.

Тавре аз ин кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар даври ҷумҳуриявии озмун беш аз 50 нафар занони хизматчии давлатӣ иштирок намуда, беҳтаринҳо бо Диплом ва Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Тибқи Низомнома, озмун байни  занон — хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, дар чор давр баргузор гардид.

Иброз шуд, ки озмун бо мақсади таъмин намудани иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030»- то ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон баргузор шуд.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол гардонидани нақши занон дар идоракунии давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат мебошад. Дар ин замина якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030) ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар се марҳила бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»  ба хотири тақвияти бештари мақоми зан дар ҷомеа ва дар доираи татбиқи нақшаи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ва бо мақсади баланд бардоштани донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2025 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад