ОЗОДАПАЛАНГ. Дар Тоҷикистон барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзӯр гардид

Декабрь 27, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 27.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, дар мамлакат барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзӯр гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон 50 соли охир шикори ин ҳайвони ваҳшӣ манъ ва ҳифзу нигоҳдории он яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист аст.

Дар асоси ислоҳот, моддаи 232¹-и Кодекси ҷиноӣ бо таҳрири нав қабул гардида, ҳоло таҳти унвони «Шикор, нест кардани мақсаднок, инчунин гирифтани ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ё фурӯши бабри барфӣ (пантераи Осиёи Марказӣ)» амал мекунад. Пештар ин модда танҳо «Шикор ва нест кардани мақсадноки бабри барфӣ» ном дошт.

Мувофиқи таҳрири нав, барои содир намудани чунин қонуншиканӣ ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазору 200 то 1 ҳазору 800 нишондиҳандаи ҳисобӣ ё маҳрумият аз озодӣ то 3 сол пешбинӣ шудааст.

Тибқи меъёрҳои қаблӣ, ҷарима аз 800 то 1200 нишондиҳандаи ҳисобӣ, корҳои ислоҳӣ то 2 сол ё маҳрумият аз озодӣ то 3 сол муқаррар мегардид. Дар ҳолати такроран содир кардани ҷиноят ҷавобгарӣ боз ҳам шадидтар шуда, ҷарима аз 2 000 то 3 000 нишондиҳандаи ҳисобӣ ё маҳрумият аз озодӣ аз 4 то 8 сол таъйин карда мешавад. Ҳамзамон маҳрум шудан аз ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол низ пешбинӣ карда шудааст. Қаблан ин ҷазоҳо сабуктар буда, маҳрумият аз озодӣ аз 3 то 5 солро ташкил медод.

Илова бар ин, ба моддаи 236-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шикофтан ё вайрон кардани режими ҳудудҳо ва объектҳои махсуси муҳофизатшаванда» низ тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи ислоҳоти нав, ҳаҷми зарари махсусан калон аз 300 ба 500 нишондиҳандаи ҳисобӣ баланд бардошта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар 20 қаторкӯҳи Тоҷикистон дар баландиҳои аз 1800 то 5200 метр бабри барфӣ вомехӯрад. Тибқи ҳисоби олимону мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, саршумори он аз 280 то 300 сарро ташкил медиҳад.

Бабри барфӣ, ки онро озодапаланг ҳам меноманд, яке аз зеботарин ҷонвари кӯҳӣ буда, сукунати он дар кӯҳҳои баланду барфпӯши Тоҷикистон бозгӯи поктарин экосистема дар ин сарзамин аст. Бабри барфӣ ҳайвони ваҳшии нодир аст, ки соли 1963 дар «Китоби сурх»-и байналмилалӣ ва соли 1988 дар «Китоби сурх»-и Тоҷикистон сабт гардидааст. Ҳамчунин ба рӯйхати сурхи байналмилалии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ҳамчун намуди зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи дараҷаи (VU) ворид карда шуд.

Бабри барфӣ дар қисмати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон, дар экосистемаи табиии Резервати биосферии «Ромит» ва экосистемаи табиии мамнуъгоҳи «Даштиҷум», «Зоркӯл», қисмати паркҳои табиии миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, ноҳияи Лахш ва Сангвор сукунат дорад. Тибқи омори Кумитаи ҳифзи муҳити зист, 70 фоизи масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар ҳудуди Бадахшон ҷойгир аст. Мавзеъҳои хоси зисти бабри барфӣ дар баландиҳои аз 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Дар мамлакат «Барномаи миллии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ дар шароити тағйирёбии иқлим то соли 2030» таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст.

Ҳимояи озодапаланг дар Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумат ва мардуме, ки наздик ба ҳудуди зисти ин ҷонвари нодир сукунат доранд, қарор гирифтааст. Дар сатҳи миллӣ доир ба ҳифзи бабри барфӣ тадбирҳои муассир андшида шудаанд. Барои беҳтар намудани назорат ва мониторинги экосистемаҳои бабри барфӣ ба мутахассисони соҳаи муҳити зист ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ техникаву таҷҳизоти замонавӣ дастрас шудаанд, ки ба беҳтар гардидани назорат, пешгирии қонуншиканиҳо ва манъи шикори ғайриқонунӣ мусоидат менамоянд.

Таҳлилҳои солҳои охир бо истифода аз таҷҳизоти муосир, аз қабили домҳои банаворгирӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва сабти экосистемаҳои бабри барфӣ бозгӯи он мебошанд, ки дар Тоҷикистон саршумори бабри барфӣ сол аз сол зиёд мегардад. Ин далели баланд рафтани сатҳи огоҳии аҳолӣ доир ба ҳифзу нигоҳдории ин ҳайвони нодир аст.

Инчунин дар ноҳияи Мурғоб Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ бо мақсади табобату офиятбахшии ҳайвонҳои нодир, аз ҷумла бабри барфӣ дар 10 гектар ифтитоҳ гардид. Дар марказ ҳайвоноти нодир, ки дар ҳолатҳои гуногун захм бардошта ё ба дигар бемориҳо дучор шудаанд, табобат гардида, сипас ба табиат сар дода мешаванд. Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди ин марказ- наслгирӣ ва зиёд намудани шумораи бабри барфӣ дар табиати кӯҳии Тоҷикистон, бурдани корҳои омӯзишӣ ва илмӣ бо ҷалби олимони дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 27, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Илм ва маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад
Таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера заминаи мустаҳками институтсионалӣ ва қонунгузорӣ дорад
Омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ дорад
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ –суҳбати рӯбарӯ ва самимӣ бо мардум
Рақамикунонӣ яке аз самтҳои муҳимтарини рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мебошад
ИЛМ ВА МАОРИФ — САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК. Андешаҳо баргирифта аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паём барномаи стратегӣ буда, дурнамои рушди устувори минбаъдаро муайян менамояд
ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ ДОРОИ ЗАХИРАҲОИ БУЗУРГИ МЕТАЛЛҲОИ РАНГА ВА НОДИР. Назари илмӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини шароити арзанда – мавзуи меҳварӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ