Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои ҷавонон ба сӯи ояндаи дурахшон аст
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои мо, ҷавонон на танҳо суханронии сиёсӣ, балки роҳнамои зиндагӣ, мактаби худшиносию ватандӯстӣ ва чароғи роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшони мамлакат маҳсуб мешавад, ки бо илҳоми тоза моро ба масъулияти бузурги созандагӣ, донишандӯзӣ ва хизмат ба Ватан ҳидоят менамояд. Чунин иброз доштааст мудири бахши таҳрир ва интишороти Китобхонаи миллии Тоҷикистон Зокир Рабиев дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар».
-Ман дар қатори даҳҳо ҷавонони саодатманди мамлакат сарфароз ва хушбахт будам, ки 16 декабр соли 2025 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, иштирок карда, шоҳиди суханронии хирадмандона ва падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шудам.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату мардонагӣ, фидокорию фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешию хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббату самимият ба халқу Ватан дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз дастовардҳою пешравиҳои давлат дар 10 соли охир ва корнамоиҳои таърихии миллати тоҷик бо ифтихор сухан намуданд, ки ин ба насли ҷавони мамлакат руҳу илҳоми тоза мебахшад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки пешбарии огоҳонаи сиёсати дарҳои боз дар садорати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ барои миллати тоҷик ба сӯйи ояндаи дурахшон марҳала ба марҳала имконияти нав ба бор меорад.
Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонӣ барои амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Инчунин 12 декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қатънома қабул карда шуд.
Ҳамзамон ташаббуси дигари байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба рӯйдодҳои замони муосир, махсусан дар самти техника ва технология, ки падидаҳои он дар нармафзорҳои интернетӣ бо номи «Зеҳни сунъӣ» ҷаҳониёнро ба маърифат кардани он водор кардааст, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ садо дод: «Бо ташаббуси дигари давлати мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид».
Ифтихори дигари мо, ҷавонон аз он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз соҳаи фарҳанги мамлакат сухан дар миён мегузоранд ва онро ҳамеша ҳастии миллат унвон мекунанд. Ҷаҳониён барҳақ медонанд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимию фарҳангии Осиёи Марказӣ буда, бо фарҳанги бою ғании худ дар тамоми дунё шинохта шудаанд. Инчунин Сарвари давлат ворид гардидани ёдгориҳои фарҳангии тоҷикон ба феҳристи мероси ҷахонии ЮНЕСКО-ро ташаббуси созандаи миллати тоҷик арзёбӣ намуданд: «…Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад».
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамасола барои тамоми соҳаҳои мамлакат шаҳодатномаи роҳнамо маҳсуб мешавад. Он ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифатнокии аҳли ҷомеа нигаронида шудааст. Ин санад бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас тамоми соҳаҳои давлатдории моро сол аз сол рушду равнақ мебахшад.
Нуктаи ҷолиби дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ он буд, ки дар он роҷеъ ба ташвиқ намудани наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо андешаҳои судманду хирадмандона изҳор доштанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар раванди таҳкими маънавиёти аҳли ҷомеаи Тоҷикистон аз сиёсати пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ва бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи китобхонии тамоми қишрҳои ҷомеа таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки «ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд».
Бо ифтихор гуфта метавонем, ки масири рушду пешрафти устувори давлат аз ҳар шаҳрванди худогоҳи мамлакат меҳнату заҳмати огоҳона, зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, кору пайкори якдилонаю дастҷамъона ва иззату шарафи фаъолияти фидокорона барои ояндаи дурахшони давлатро тақозо менамояд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки суханҳои илҳомбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият ва зиндагиамон қарор диҳем. Тавре Сарвари давлат таъкид намудаанд, «итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳама ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».
АКС: АМИТ «Ховар»








Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» рамзи эҳтиром ба заҳмати омӯзгор аст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
Инноватсия ва зеҳни сунъӣ – пояи нави идоракунии давлатии муосир
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ-АБЗОРИ МУҲИМИ ТАҚВИЯТИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Чанд мулоҳиза дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон тақвиятбахши худогоҳии миллӣ дар пояи созандагию бунёдкорӣ мебошад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия ва амалӣ мегардад
ХУРОФОТУ БЕГОНАПАРАСТӢ-ХАТАР БА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Паёми Президенти Тоҷикистон: омили таҳкими давлатдорӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ
Дар ноҳияи Дӯстӣ доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст
Паёми Президенти Тоҷикистон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ: заминаҳои таърихӣ, моҳият ва зарурати он барои имрӯз






