Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – таҷассумгари ойини давлатдорӣ ва мардумсолорӣ
ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи басе ҳассосу сарнавиштсоз пешниҳод гардид, ки дар он ҳам ҳаёти дохилии кишвар ва ҳам авзои сиёсӣ ва иқтисодии минтақа ва ҷаҳон дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушд ва бозкушоии саҳифаҳои муҳимми ҳастисоз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ на танҳо гузориши солона, балки санади сиёсие мебошад, ки самтҳои калидии сиёсати давлат, дурнамои рушди устувор ва модели муосири давлатдориро дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳон бозгӯӣ менамояд.
— Дар бахши сиёсати дохилӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба натиҷагирии воқеии татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» бахшида шуд. Ин барнома марҳилаи дуюми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030»-ро фаро гирифта, ҳамзамон оғози марҳилаи ниҳоии панҷсолаи ин санади бунёдии стратегӣ ба шумор меравад. Сарвари давлат таҳлили ҳамаҷонибаи ҷараёни татбиқи ин санадҳоро дар меҳвари Паём ба Маҷлиси Олӣ қарор дода, ба зарурати равона гардидани самараи ислоҳот ба манфиати тамоми табақаҳои аҳолӣ таъкид намуданд.
Иброз гардид, ки рушди иқтисодӣ танҳо дар мавриде дорои арзиши воқеӣ мешавад, ки ба беҳтаршавии сатҳу сифати зиндагии мардум ва таҳкими адолати иҷтимоӣ хизмат намояд.
Дар ин замина дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар самти рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, афзоиши саҳми саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, дигаргуниҳои институтсионалӣ, такмили муҳити сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ бо назари таҳлилӣ ва интиқодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин равиш аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати иқтисодии мамлакат на танҳо ба нишондиҳандаҳои оморӣ, балки ба устувории дарозмуддат ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст.
Воқеан омори пешниҳоднамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гувоҳи равшани он аст, ки татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои дар барномаҳои миёнамуҳлати марҳилаҳои якум ва дуюми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» пешбинишуда, ба беҳбуди назарраси сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ мусоидат намудааст. Маҳз дар натиҷаи ҳамин сиёсати ҳадафмандона Тоҷикистон дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ симои мамлакати босубот, дорои иқтисоди рӯ ба рушд ва сиёсаташ пешгӯишавандаро касб кардааст.
Тавре таъкид гардид, давоми ду марҳалаи аввали татбиқи ин стратегияи ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфта, суръати рушди иқтисоди миллӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,6 фоиз таъмин шудааст. Ҳамзамон, нишондиҳандаи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар зиёд гардида, аз 6 ҳазор сомонӣ дар соли 2015 ба 16,1 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, ки ин худ далели равшани самаранокии сиёсати иқтисодии пешгирифтаи давлат мебошад.
Натиҷаи ҳамин сиёсати устувор буд, ки сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ дошта шуда, ҳамзамон даромади аҳолӣ тамоюли афзоиш касб намуд. Аз ҷумла даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2015 ба 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расид. Музди миёнаи меҳнати ҳар як корманд низ аз 879 сомонӣ то 2700 сомонӣ афзоиш ёфт. Дар давраи солҳои 2015–2024 музди миёнаи меҳнат дар соҳаҳои тандурустӣ 2,5 баробар, маориф 2,8 баробар, савдо 2,3 баробар, сохтмон 1,5 баробар ва нақлиёт 1,7 баробар зиёд гардид, ки ин ҳама нишондиҳандаҳои муҳими беҳбуди некуаҳволии иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои амалигардонии барномаҳои марбут ба марҳилаи сеюми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» дастуру супоришҳои мушаххас ва ҳадафманд пешниҳод гардиданд. Дар ин замина афзалияти ҳаётан муҳим ба диверсификатсияи содирот, таҳкими устувории ниҳодҳои молиявӣ, рушди пояҳои энергетикӣ, таҷдид ва густариши зербунёдҳои нақлиётӣ, инчунин таҳкими ниҳодҳои иҷтимоӣ равона карда шуданд. Ин равиш бозгӯи он аст, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба гузариш аз модели рушде, ки асосан ба омилҳои анъанавӣ такя дорад, ба модели иқтисоди муосир, рақобатпазир ва устувор нигаронида шудааст.
Татбиқи пайгирона ва мақсадноки ин ҳадафҳо дар марҳалаи навбатӣ амалияи идоракунии давлатӣ ва низоми рушди иқтисодию иҷтимоии давлатро дар қолаби сифатан нав ташаккул дода, заминаи воқеии афзоиши рақобатпазирии иқтисоди миллиро фароҳам хоҳад овард. Дар шароите, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бо таҳаввулоти босуръат ва хатарҳои пешгӯинашаванда рӯбарӯ аст, маҳз чунин равиши стратегӣ метавонад кафили суботи дарозмуддат ва рушди устувори мамлакат гардад.
Тавре дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид шуд, татбиқи саривақтӣ ва босифати вазифаҳои дар пешгузошта имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёбад. Сатҳи камбизоатӣ то 10 дарсад коҳиш ёфта, ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 дарсад расад. Ин нишондиҳандаҳо на танҳо амалӣ шудани ҳадафҳои иқтисодӣ, балки меъёрҳои муҳими устувории иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ маҳсуб мешаванд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таваҷҷуҳи махсус ба алоқамандии ногусастании рушди малакаҳои инсонӣ бо ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Дар ин замина масъулият ва уҳдадориҳои ниҳодҳои дахлдор барои иҷрои дастуру супоришҳои гузошташуда ба таври возеҳ таъкид гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидии илму маорифро ҳамчун манбаи асосии навовариҳо ва муҳаррики рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ махсус таъкид карданд, ки дар ҷомеаи муосир маҳз дониш, таҳқиқот ва қобилияти эҷодии инсонӣ омили асосии рақобатпазирӣ маҳсуб меёбад.
Тавре таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи мақсаду вазифаҳо ва дастуру ҳидоятҳои дорои аҳаммияти стратегӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳаҷми маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамасола афзоиш меёбад. Ин соҳаҳо, ки таъсири ҳалкунанда ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум доранд, дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, ҳамчун омили муҳими таҳкими суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа баромад мекунанд.
Бинобар ин, муносибати эҳтиёткорона ва ҳамзамон дурнигарона ба рушди сармояи инсонӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол намуд. Дар ин замина вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои омода намудани кадрҳои мутобиқ ба талаботи иқтисоди рақамӣ, такмили инфрасохтори технологӣ ва воридсозии ҳалли рақамӣ ба фаъолияти худ чорабиниҳои мушаххас ва натиҷагирро амалӣ намоянд.
Инчунин зимни таҳлили моҳияти равандҳои муосири ҷаҳонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хусусияти ноустувор ва номуайяни онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки чунин вазъ зарурияти пайваста ва мунтазам тақвият додани иқтидори мудофиавӣ ва амниятии малакатроба маротиб афзоиш медиҳад. Дар ин замина, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба паёмадҳои хатарноки ин равандҳо, ки дар бисёр ҳолат бо фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ҳамбаста мебошанд, муҳим арзёбӣ гардид. Вусъатёбии фаъолияти чунин гурӯҳҳо метавонад ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод намояд. Аз ин рӯ дарки саривақтии хатарҳои мавҷуда моро водор месозад, ки барои коҳиш додани таъсири эҳтимолии онҳо ба фазои сиёсию иқтисодии давлат аз ҳозир омодагии ҳамаҷониба дида, чораҳои муассиру пешгирикунандаро пайгирона татбиқ намоем.
Дар робита ба ин, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи анъанавии худро ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ ва суботи байналмилалӣ тақвият бахшида, ҳамкориҳоро бо созмонҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои шарик дар самти таъмини амният ва мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ густариш диҳад. Ин сиёсат дар баробари ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ба таҳкими эътимоди байналмилалӣ ва болоравии нуфузи сиёсии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои глобализатсия, бархӯрди арзишҳо ва рақобатҳои ҳувиятӣ шиддат мегиранд, масъалаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ба яке аз рукнҳои асосии амнияти маънавӣ ва пойдории давлат табдил ёфтааст. Маҳз дар ҳамин замина пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти мамлакат аҳамияти хоссаи таърихию фарҳангӣ касб менамояд.
Маркази тамаддуни ориёӣ, пеш аз ҳама, на танҳо як иншооти меъморӣ, балки фазои рамзии худшиносии миллӣ хоҳад буд. Ин марказ метавонад ҳамчун оинаи таърихи чандҳазорсолаи тоҷикон, анъанаҳои давлатдорӣ, мероси фикрӣ, забонӣ ва фарҳангии миллати тоҷик хизматати арзишманд анҷом диҳад. Дар замоне, ки миллатҳои алоҳида барои исботи решаҳои таърихии худ ба аснод ва далелҳои на ҳамеша муътамад рӯ меоранд, таъсиси чунин марказ дар Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлол паёми рӯшане дорад.
Ин иқдом ҳамзамон дарси зиндаи хештаншиносӣ барои наслҳои ҷавон хоҳад буд. Ҷавоне, ки таърихи худро мешиносад, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром мегузорад ва аз ҳувияти худ ифтихор мекунад, дар муқобили таассуб, бегонапарастӣ ва ифротгароӣ устувор мемонад. Аз ин ҷост, ки Маркази тамаддуни ориёӣ метавонад ба мактаби маънавии тарбияи шаҳрвандии наврасону ҷавонон табдил ёбад.
Дар баробари ин, пешниҳоди бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз идомаи мантиқии сиёсати фарҳангии давлат дар самти муаррифии арзишҳои умумибашарии тамаддуни тоҷикона мебошад. Наврӯз на танҳо як ҷашни суннатӣ, балки як фалсафаи зиндагӣ, рамзи сулҳ, эҳё, созандагӣ ва ҳамзистии инсон бо табиат аст. Эътирофи байналмилалии Наврӯз ва ҷойгоҳи он дар фарҳанги ҷаҳонӣ далели равшани он аст, ки арзишҳои миллии мо дорои паёми фаромиллӣ ва умумибашарӣ мебошанд.
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба платформаи муколамаи тамаддунҳо, табодули фарҳангҳо ва тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ табдил ёбад. Истифодаи фалсафаю ҳикмати Наврӯз дар тарбияи наслҳои оянда на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки сармоягузорӣ ба ояндаи устувори ҷомеа аст. Наврӯз инсонро ба покизагӣ, адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ даъват мекунад — арзишҳое, ки имрӯз барои ҷаҳони пуртаниш беш аз ҳар вақти дигар заруранд.
Дар ин замина, пешниҳоди эълон намудани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Ин ташаббус истиқлолро на танҳо ҳамчун санаи таърихӣ, балки ҳамчун раванди доимии бунёди давлат, ҷомеа ва инсон маънидод мекунад. Ободонӣ дар ин ҷо танҳо сохтмони иншоот нест, балки ободии тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ низ мебошад.
Таҳкими худшиносии миллӣ маънои инкори арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии дигаронро надорад, балки дарки амиқи худ ва эҳтиром ба арзишҳои хеш аст. Миллате, ки худро мешиносад, бо дигарон боэътимод ва дар сатҳи баробар муколама мекунад. Аз ин рӯ ташаббусҳои пешниҳодгардида на танҳо аҳамияти дохилӣ доранд, балки паёми тозаи башардӯстона ба ҷомеаи байналмилалӣ маҳсуб мешаванд.
Бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ, таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз ва эълон намудани соли 2026 ҳамчун соли худшиносиву ободонӣ як силсила иқдоми таъсиргузоре мебошанд, ки ба таҳкими пояҳои маънавии давлат, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва тарбияи насли худогоҳ равона шудаанд. Ин пешниҳодҳо бозгӯкунандаи он аст, ки Пешвои миллат худшиносии миллиро на шиор, балки меҳвари сиёсати давлатдорӣ ва кафили ояндаи устувори Тоҷикистон медонанд.
Инчунин зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид шуд, ки тамоюли ҷомеае, ки ба самти ояндаи устувор аст, бояд пайваста ба такомули диди арзишии шаҳрвандонаш таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Барои ҷомеаи Тоҷикистон бо назардошти афзоиши рақобатҳои қавмгароёна ва бунёдгароии динӣ дар ҷаҳони муосир, равона сохтани диди арзишии шаҳрвандон ба меҳвари давлатдории дунявӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ аҳаммияти дучанд касб мекунад. Ин равиш омили муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ ва устувории иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун ҳамчун кафили асосии рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат арзёбӣ гардид. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсиро таъмин намуда, сатҳи некуаҳволии мардумро тадриҷан боло барад. Дар ин раванд нақши сохторҳо ва мақомоти маҳаллӣ ниҳоят муҳим аст, зеро онҳо мустақиман дар маҳал фаъолият намуда, аз ҳолу аҳволи аҳолӣ огоҳанд ва метавонанд дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа корҳои тарғиботиву ташвиқотиро самаранок ба роҳ монанд. Чунин ҳамкориҳо имконият медиҳанд, ки қишрҳои осебпазири ҷомеа аз таъсири гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ифротӣ ҳифз карда шаванд.
Аз ин нуқтаи назар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро метавон ҳамчун санади стратегии фарогир арзёбӣ намуд, ки бо таҳлилу баррасии амиқ ва ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, дурнамои воқеии рушди устувори мамлакатро барои солҳои минбаъда тарҳрезӣ менамояд.
Хайридин УСМОНЗОДА,
директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саймурод ФАТТОҲЗОДА,
мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Паёми Президенти Тоҷикистон: омили таҳкими давлатдорӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ
Дар ноҳияи Дӯстӣ доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Қабули он далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба тарбиятгарони насли наврас аст
Паёми Президенти Тоҷикистон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ: заминаҳои таърихӣ, моҳият ва зарурати он барои имрӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
СИЁСАТИ «ОСМОНИ КУШОД». Рушди авиатсияи гражданӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Паёми Президенти Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мебошад
Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ
ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим
ТАШКИЛИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ – ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон






