Пешвои миллат: «Барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло чораҷӯӣ карда шавад»
ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлилҳо, дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба 4 миллион нафар мерасад. Бинобар ин зарур аст, ки барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ гардонидани низоми таҳсил ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла омодагӣ барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло чораҷӯӣ карда шавад. Дар ин хусус имрӯз Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ибрози назар намуданд.
Сарвари давлат дар ин самт Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки вазъи амалишавии «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030» – ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, тибқи ҳадафҳои нав такмил диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани соҳаи маорифи Тоҷикистон соли 2004 гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба низоми кредитии таҳсил оғоз гардид. Соли 2014 ҳама муассисаҳо ба ин низом гузаронида шуданд. Аз ин рӯ вақти он расидааст, ки бурду бохти ин низом аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардад.
Роҳбари давлат ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар муддати ду моҳ доир ба ин масъала ба Дастгоҳи иҷроияи Президент маълумоти муфассал пешниҳод намоянд. Ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, барои боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд.
«Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносӣ вобаста аст», – баён доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд






