Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар идомаи ташаббусҳои раҳнамунсози Роҳбари давлат дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф бо саҳми сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст сохта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншооти мазкур соли 2021 оғоз гардида буд.
Муассисаи нави соҳаи маориф имкони дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллатро дорад. 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш барои 1056 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва технологияи иттилоотӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон замина хоҳанд гузошт. Муассиса дорои компютерҳои пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет аст.
Майдончаи варзишӣ аз бартариҳои дигари муассиса аст, ки барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол сохта шуда, ба тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷисман обутоб ёфтани хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар муассиса сохта шудааст ба беҳбудии сифати таҳсил ва кору фаъолияти омӯзгорон замина мегузорад.
Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи нави таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.
Аз ин хотир ба сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст барои ин ташаббуси воло арзи сипос карда, омӯзгоронро ба таълиму тарбияи хуби насли оянда ҳидоят намуданд.









Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






