Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» оғози расмӣ бахшиданд

Декабрь 24, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти марҳилаи дуюми  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон, ки ҷузъи Гурӯҳи Анадолу  мебошад, оғози расмӣ бахшиданд.

Корхонаи истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Марҳилаи аввали фаъолияти ширкат аз соли 2015 оғоз гардида, бо як хатти истеҳсолӣ 100 кормандро фаро гирифта буд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 170 миллион литр нӯшокиҳои ташнашикан буда, дар зарфҳои гуногунҳаҷм пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.

Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи нави ин иншооти саноатӣ беш аз 600 кас бо кор таъмин гардиданд. Васли хатти нави истеҳсолӣ, ба афзоиши иқтидор, номгӯи маҳсулот ва шумораи кормандон мусоидат кард.

Ҳоло дар корхона 7 намуд нӯшокиҳои брендӣ барои қонеъсозии талаботи мизоҷон истеҳсол мешавад.

Маҳсулоти ниҳоӣ қабл аз муомилот дар озмоишгоҳи корхона бо усули хос ташхис шуда, мутахассисон таркиб ва бехатарии онро тавассути дастгоҳҳои соҳавӣ аз санҷиш мегузаронанд.

Пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолият ва иқтидори истеҳсолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, ба масъулон ҷиҳати риояи талабот, стандартҳои бехатарӣ ва ҳам афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дастуру тавсияҳо доданд.

Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 24.12.2025

Декабрь 24, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар