Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизовро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизовро ифтитоҳ намуданд.
Ин корхона аз ҷониби Корпоратсияи «Тоҷвар» бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 200 тонна коркарди ғалларо ташкил медиҳад.
Ғалла аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, қабл аз коркард дар озмоишгоҳи махсуси корхона мавриди ташхиси сифат қарор дода мешавад.
Барои таъмини мустақими воридоти ғалла, корхона ба хатти роҳи оҳан пайваст буда, дорои ду анбори муосири нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши умумии 50 ҳазор тонна мебошад.
Дар корхонаи орд ба номи Маҷид Ҳафизов 150 мутахассиси маҳаллӣ дар ду баст бо кор таъмин гардида, барои онҳо шароити муносибу муосири корӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир буда, раванди истеҳсолот аз коркарди ашёи хом то бастубанди маҳсулоти тайёр тавассути се хатти автоматии банду баст анҷом дода мешавад.
Маҳсулоти корхона таҳти бренди Балхӣ дар борхалтаҳои 50 ва 10 килограммӣ истеҳсол гардида, асосан ба бозори дохилӣ пешниҳод мешавад.
Бо мақсади тақвияти занҷираи пурраи истеҳсолӣ, масъулин ният доранд дар ояндаи наздик дар назди корхона коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва хӯроки чорво таъсис диҳанд.
Ҳамчунин, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки неруи барқ, бунёди неругоҳи барқии офтобӣ ба нақша гирифта шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин ва мутахассисон ташаббуси бунёди ин корхонаи истеҳсолиро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои фаъолияти самаранок, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифати ивазкунандаи воридот ва таъмини бозор бо маводи аввалияи ғизоӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.









Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






