Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдак, 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд.
Зимни ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф 6 маркази инкишофи кӯдак барои 390 кас ва бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 бо 480 ҷойи нишаст дар ноҳияи Кӯшониён ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншооти зикргардида дар идомаи ташаббусҳои роҳнамунсози Роҳбари давлат дар самти беҳсозии заминаи таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф аз ҳисоби Барномаи инкишофи барвақтии кӯдак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 200 кӯдак дар маҳаллаи Хоҷишариф, Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ барои 300 кӯдак дар маҳаллаи Маданият ва ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаҳои Дӯстӣ ва Маданияти шаҳри Бохтар бо 4800 ҷойи нишаст бунёд мегарданд.
Зимни суҳбат бо масъулон ба тарҳи бунёди марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳиссагузории бештар дар пешрафти низоми маорифи Точикистон, бахусус бобати рушди зинаи томактабии таълим, дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Инчунин, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи варзишӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи маҷмаа бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъмории муосир ва бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ анҷом дода шавад.









Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд






