Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаичи мулоқот намуданд

Декабрь 20, 2025 10:24

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонум Санаэ Такаичи барои пазироии самимӣ ва дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор кардани Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо ҳамкории ду давлатро баррасӣ карданд.

Ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ, рушди муколамаи байнипарлумонӣ ва фаъолияти муассири Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ дар Тоҷикистон аз мавзуъоти муҳими мулоқот буд.

Оид ба ҷалби сармояву технологияҳо ва қарзҳои имтиёзноки Ҷопон, иштироки ширкатҳои пешрафтаи ҷопонӣ барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ дар соҳаҳои электроника, нақлиёти автомобилӣ, дорӯсозӣ, коркарди маъдан ва кишоварзӣ табодули андеша сурат гирифт.

Пешниҳод гардид, ки Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои се соли оянда (2026-2028) қабул карда шавад.

Ба ҳамкорӣ дар соҳаи “иқтисоди рақамӣ” ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҷалби ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди пахта, пилла, сабзавоту меваҷот ва растаниҳои шифобахш зарур шумурда шуд.

Соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳатӣ, бахшҳои фарҳангию башарӣ, бахусус маориф аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Барои зиёд кардани ҳиссаи бурсияҳо оид ба омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои тиб, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи муҳити зист изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҳамкории фаъоли Тоҷикистону Ҷопон дар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии ташаббусҳои ҳамдигар дар доираи онҳо таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки мо кишварҳои Осиёи Шарқиро ба ҳайси шарикони муҳим дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ ва мубориза бо бемориҳо мешиносем.

Дар фароварди суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷопон даъват намуданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи 20.12.2025

Декабрь 20, 2025 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд