«Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо»-и хизматрасониҳои молиявӣ таҳия карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо»-и хизматрасониҳои молиявӣ таҳия мегардад. Ин масъала дар ҷаласае, ки таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки бо мақсади тавсеаи фарогирии молиявӣ дар мамлакат ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ ба аҳолӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022 «Дар бораи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» қабул гардидааст.
Стратегияи мазкур чор самти асосиро дар бар гирифта, яке аз самтҳои муҳимми он таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки дар асоси банди 55-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, ки ба самти «Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ» марбут аст, дар асоси таклифу пешниҳодҳои воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи «Супориши техникӣ барои таҳияи саҳифаи интернетии мазкур» таҳия карда шуд.
Таҳия ва фаъол гардонидани «Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо» дар баробари таъмини дастрасии осони маълумоти саҳеҳу боэътимод дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ ба истеъмолкунандагон, ҳамчунин ба ташаккули рақобати солим байни ташкилотҳои қарзии молиявию суғуртавӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои муфиди молиявӣ ба аҳолӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар маҷмуъ рушди устувори низоми молиявии мамлакат мусоидат хоҳад намуд.
Инчунин оид ба таҳияи «Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо»-и хизматрасониҳои молиявӣ байни иштирокдорони ҷаласа табодули афкор доир гардида, барои таъмини муназзами фаъолияти он пешниҳодҳои судманд иброз карда шуд.
Дар анҷоми ҷаласа аз намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ даъват гардид, ки барои таҳия ва татбиқи саҳифаи интернетии мазкур ва таъмин намудани ҳадафҳои пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад






