Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидшавандаи Давлати Кувайт мулоқот намуд

Декабрь 10, 2025 09:47

ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Сафири  Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидшаванда, иҷрокунандаи вазири молия, вазири давлатӣ оид ба умури иқтисодӣ ва сармоягузории Давлати Кувайт доктор Субайҳ Абдулазиз Абдулмуҳсин Ал-Мухайзим, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт мебошад, мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт иттилоъ доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти равобит дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ, инчунин пайгирии натиҷаҳои ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули афкор намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Декабрь 10, 2025 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд