Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони танкронӣ ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ ба истифода доданд

Декабрь 24, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати мудофиаи кишвар ташриф оварда, майдони танкронии машқгоҳи Ҳарбмайдон ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони сохторҳои қудратии кишвар тариқи фосилавӣ ба фаъолияти майдони танкронӣ дар машқгоҳи Ҳарбмайдон оғоз бахшида шуд.

Барои дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар ин машқгоҳ иншооти зиёди таълимӣ бунёд ёфтааст.

Бинои нуқтаи фармондеҳию мушоҳидавӣ бо синфхонаҳои ронандагӣ ва манораҳои мушоҳида аз имкониятҳои дигари ин машқгоҳ ба шумор меравад.

Зимни шоносоӣ бо имконоти фарохи ин машқгоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти ин майдон мутахассисони техникии дахлдори худро дар сатҳи баланд омода намоянд.

Аз ҳамин ҷо, ҳамчунин тариқи фосилавӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ифтитоҳ ёфт.

Ин дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ин минтақаи баландкӯҳ ва душворгузари сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки қаблан ба таври зарурӣ муҳофизат намешуд, бори аввал сохта шуд ва барои фаъолияти бемонеаи онҳо дар ин мавзеъ ба масофаи зиёда аз 70 километр роҳи нави мошингузар бунёд ёфта, дигар инфрасохтори ёрирасон низ фароҳам оварда шуд.

Натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки давоми 31 соли фаъолияти худ Қӯшунҳои сарҳадӣ пуриқтидору мукаммал гардида, рӯз то рӯз шароити хизматию маишии афсарону сарбозон хубтару беҳтар мешавад.

Ин раванд, бахусус давоми 2-3 соли охир хеле авҷ гирифта, дар ин муҳлати кӯтоҳ аллакай 80 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ бунёд ёфта, бо техникаю таҷҳизот ва ҳама лавозимоти ҳарбию хизматию маишӣ таъмин гардиданд.

Дар ҳамаи ин дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, дар баробари муҳайёсозии шароити зарурии хизматӣ, аз ҷумла хобгоҳҳои сарбозӣ, ошхона, ҳаммом, шабакаи гармидиҳӣ, майдончаҳои машқу тамрин ва ҳамчунин барои афсарон ва аҳли оилаи онҳо хонаҳои алоҳидаи истиқоматӣ сохта шудааст.

Зимни ифтитоҳи иншооти сарҳадӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати кишвар барои фароҳамсозии шароити будубош ва хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ, пайваста чораандешӣ менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз саҳмгузории соҳибкорони ватандӯсти кишвар, ки дар ин кори пурифтихор низ иштирок менамоянд, ёдовар шуда, ба ҳамаи касони дар ободонии кишвар ҳиссагузор арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.
Ба истифода додани майдони танкронӣ ва 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 24.12.2025

Декабрь 24, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия