Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингард оғоз мегардад

Декабрь 17, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабр зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иттилоъ доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои Ваҳдат – Обигарм ба масофаи 70 километр, Гулистон–Кӯлоб- 33 километр, Хоруғ – Роштқалъа- 39 километр, Мурғоб – Кулма- 67 километр, Балҷувон – Сари Хосор- 55 километр, Хистеварз – Конибодом (Арка)- 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар – Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

«Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад», – иброз доштанд Сарвари давлат.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки соли 2025 дар доираи ин лоиҳаҳо ба маблағи умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти тибқи талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.

Дар айни замон  бунёди 50 километр роҳи Данғара – Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон – Фархор ва 12 километр роҳҳои байналмилалӣ ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ дар вилояти Суғд идома дорад.

Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  иттилоъ дода шуд, ки  давоми се соли охир дар мамлакат беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад