СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид

Декабрь 24, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Маркази фарҳангӣ дар доираи барномаи байналмилалии ҳамкорӣ бо мақсади дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолӣ бо харҷи 3 миллиону 76 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Бино дорои 5 утоқ, аз ҷумла толори хониш барои 27 нафар ва толори фарҳангӣ барои 170 мебошад.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар зимни ифтитоҳи ин марказ иброз намуд, ки «ин иқдом идомаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба рушди фарҳанг, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ равона гардидааст ».

Иттилоъ дода шуд, ки фонди китобхонаи Маркази фарҳангӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал гардонида шуда, Маркази фарҳангӣ минбаъд ҳамчун маркази донишу маърифат ва макони баргузории барномаҳои фарҳангӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 24, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд