Тоҷикистон ва Маҷористон Ёддошти тафоҳум оид ба бурсияҳои солҳои 2026–2028-ро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр дар шаҳри Вена дар ҳошияи нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон Петер Сийярто баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, маориф, инчунин ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули афкор намуданд.
Дар анҷоми мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар доираи «Барномаи бурсиявии Маҷористон барои солҳои 2026 – 2028»-ро ба имзо расониданд. Тибқи он ба донишҷӯёни тоҷик бурсияҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Маҷористон пешниҳод карда мешаванд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






