Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ноҳияи Ашт расонида шуданд
ДУШАНБЕ, 30.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба шахсони ниёзманд туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои рақами 1 ва 2-и ноҳияи Ашт расонида шуданд.
Зимни супоридани туҳфаҳои Сарвари давлат таъкид гардид, ки ғамхорию дастгирии ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Президенти мамлакат ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сару либос, пойафзол, маҷмуи лавозимоти хониш ва шириниҳо иборат буда, ба қалби ин наврасон бори дигар нуру сафо ва умеду боварии тоза бахшиданд.
Кӯдакону наврасон ва омӯзгорон барои ғамхории ҳамешагӣ сипосгузории хешро ба Пешвои миллат баён доштанд.
Дар ноҳияи Ашт ду мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд амал мекунанд, ки дар онҳо 75 нафар наврасон ба ғамхорӣ, таҳсил ва тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар баробари муҳайё будани шароити моддӣ ва таъмини имконияти зарурӣ инчунин дар ҳар иду ҷашн ба наврасон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим мегарданд.
Мақсад он аст, ки наврасон дар шароити беҳтар таҳсил намуда, ҳамчун насли солим, дорои донишу ахлоқи ҳамида, ватандӯст ва соҳибтахассус ба камол расанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






