«ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Занон-дар меҳвари Паём» ҳамоиши занону духтарон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Зимни ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода баён дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба нақши занону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Иброз шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат саҳми занону духтарони бонангу номуси Ватанро дар пешрафти мамлакат ҳамеша қадрдонӣ намуда, аз заҳмату талоши онҳо барои бунёди ояндаи ободу осуда ифтихор дорад.
Дар ҳамоиш масоили баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва татбиқи минбаъдаи сиёсати давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки дастгирии занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа афзалияти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
«Боварӣ дорам, ки занону модарони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд», – иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ.
Иштирокчиёни ҳамоиш изҳор намуданд, ки занонро зарур аст ҷавобан ба дастгирию ғамхорӣ ва эътимоди Сарвари давлат аз шароити фароҳамоварда истифода бурда, сазовори боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарданд.
Дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ силсилачорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ баргузор мекунад.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






