НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Табибон дар оянда бо истифода аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ таълим мегиранд

Январь 26, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ду ихтисоси нав таъсис ёфта, дар ҷараёни таълим технологияҳои муосир, симуляторҳои тиббӣ ва унсурҳои зеҳни сунъӣ бештар истифода мегарданд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Муҳиддин Нуриддин баён намуд.

Гуфта шуд, ки ду ихтисоси нав «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» мебошанд. Ин ихтисосҳо ба баланд бардоштани сифати ташхисҳои озмоишгоҳӣ, рушди хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Таъкид гардид, ки симуляторҳои тиббӣ дастгоҳҳо ё барномаҳои компютерие мебошанд, ки вазъияти воқеии клиникиро барои таълими табибон ва донишҷӯён пешниҳод мекунанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки амалиёт ва идоракунии мушкилот дар муҳити бехатар барои беморон гузаронида шаванд. Ин технологияҳо ба таври назаррас бехатарии беморонро дар амалияи воқеии тиббӣ баланд мебардоранд. Симуляторҳо инчунин барои донишҷӯён муҳити бехатар фароҳам оварда, қобилияти хато кардан ва ислоҳи онҳоро инкишоф медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки шуруъ аз соли хониши 2026-2027 омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисоси нав- табибони ҳарбӣ ба роҳ монда мешавад.

Таъкид шуд, ки донишгоҳ бо 101 муассисаи таълимию илмӣ ва табобатии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад.
Соли 2025 бо муассисаҳои илмӣ ва таълимию табобатии давлатҳои хориҷӣ 15 созишномаи нави ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Ҳадаф аз он таҳкими ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва табобатии хориҷи мамлакат ва амалисозии лоиҳаҳои илмии муштарак мебошад. Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддошти тафоҳум лоиҳаҳо омода гардида, такмили ихтисоси омӯзгорон, мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон ва таҳқиқоти илмӣ ба роҳ монда шуд. Ин иқдоми нав дар ташаккули иқтидори кадрию илмии донишгоҳ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ саҳми назаррас мегузорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд