Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид
ДУШАНБЕ, 12.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 18 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми сармоягузорӣ то ин давра қариб ба 76 миллион сомонӣ баробар гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ соли 2025 ба 17 миллион сомонӣ расида, дар он 64 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз воситаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, ба таъсиси ҷойи нави кор, ворид намудани технологияҳои муосир ва ба афзоиши истеҳсолоти рақобатпазир мусоидат менамоянд.
Таъкид шуд, ки мавқеи ҷуғрофии минтақа барои рушди тиҷорати фаромарзӣ, логистика ва истеҳсолоти саноатӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.
Масъулин дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони маъмурият, соҳибкорон ва сармоягузорони ин минтақаи озоди иқтисодӣ расониданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба истифодаи имтиёзҳои андозию гумрукӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва ҷалби сармояи мустақим мавриди муҳокима қарор гирифт.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






