ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Мастчоҳ 70 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад

Январь 11, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 11.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ноҳияи Мастчоҳ маъракаи васеи ниҳолшинонӣ баргузор гардида, дар маҷмуъ шинонидани 70 ҳазор бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.

Ин иқдом дар тамоми деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигии аҳолии ноҳия амалӣ мегардад.Ҳадаф аз ин иқдом беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа, сарсабз гардонидани муҳити зист ва зебоии маҳал арзёбӣ мешавад.

Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ канори шоҳроҳи Чанок – Душанбе, кӯчаю хиёбонҳо, ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хатҳои муҳофизатии байни хоҷагиҳо бо ниҳолҳо сарсабз гардонида мешаванд. Ба иттилои масъулин, барои ниҳолшинонӣ навъҳое интихоб мегарданд, ки ба иқлими минтақа мутобиқ буда, устуворӣ ва самаранокии дарозмуддат доранд.

Тибқи иттилоъ, соли 2025 дар доираи «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ беш аз 28 ҳазор бех ниҳолҳои ороишию сояафкан, мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо шинонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Январь 11, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд