Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид

Январь 30, 2026 10:15

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва суннатҳои ниёгон эҳё гардида, ба унсури муҳими худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа табдил ёфтанд. Ин нуктаро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар  таҷлили ҷашни бостонии Сада дар ин донишгоҳ иброз намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Убайдулло Асрорзода ҳозиринро ба муносибати фарорасии яке аз куҳантарин ҷашнҳои ниёгони ориёӣ –ҷашни Сада табрик карда, онро ҷашни нур, гармӣ ва рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 декабри соли 2023 ҷашни Сада ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид. Ин рӯйдод далели эътирофи байналмилалии фарҳанги куҳан ва тамаддуни ғании миллати тоҷик мебошад. Таъкид гардид, ки ҷашни  Сада дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик буда, реша дар таърихи ҳазорсолаи ниёгон дорад. Ин ҷашн бо афрӯхтани гулхан, арҷгузорӣ ба гармӣ, рӯшноӣ ва неруи ҳаёт пайванди зич дошта, рамзи анҷоми сардиҳои зимистон ва оғози бедории табиат маҳсуб мешавад.

Ин аст, ки ҷашни Сада ҳамчун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз мардумро ба шукргузорӣ аз неъматҳои табиат, омодагӣ ба фасли баҳор ва фаъолияти созанда ҳидоят менамояд. Ин ҷашн таҷассуми ҷаҳонбинии ниёгон ва ҳамоҳангии инсон бо муҳити зист мебошад.

Убайдулло Асрорзода афзуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ аҳамияти хосса касб мекунад. Ҷашни Сада бо суннатҳои рангин метавонад омили муҳими рушди сайёҳии фарҳангӣ гардида, таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намояд. Дар ин замина Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешбари таҳсилоти олӣ дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ худро вазифадор мешуморад, ки дар омӯзиш, ҳифз ва муаррифии чунин арзишҳои миллӣ саҳми фаъол гузорад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Январь 30, 2026 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд