Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳои мантиқӣ нишон медиҳанд, ки давлат ниҳодест, ки бемор мешавад, сиҳат меёбад. Давлате, ки миллаташ хурофотзадаю ҷоҳил аст, бемор шуда, ба нестӣ меравад. Аммо давлате, ки бошандагонаш оқилу донишманд бошанд, сиҳат ёфта, ба созандагии имрӯза ва оянда рӯ оварда, ҷавонони худшиносу худогоҳро тарбия мекунад.
— Маҳз ба ҳамин хотир давлат механизми махсуси ихтироъкардаи инсони хирадманд аст, ки фарзандонашро зери болу пар бигирад, то зиндагии хубу гуворо ва шоиста дошта бошанд. Ба қавли файласуфи олмонӣ Людвиг Фейербах, «мақсади он (давлат) таъмини сулҳу салоҳест, ки бар некуаҳволии мардум, ба тарзи дигар, шаҳрвандон ва омма нигаронида шудааст. Чунин некуаҳволӣ маънии худҳифзкунӣ ва аз лиҳози ҷисмонӣ лаззат бурдан аз зиндагиро дар назар дорад». Бинобар ин, ҳадаф, дарк ва тадбиқ ёфтани масъалаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маънои созандагии имрӯза, оянда, оромиши давлат ва сазовор гаштан ба зиндагии осоиштаи миллатро дорад.
Миллат наметавонанд бе қобилияти оянданигарӣ ба ҳаёти воқеӣ идома диҳад. Мо ҳамеша ба ояндасозӣ ниёз дорем. Дар ҳар вазъияти нав оянданигарӣ ҳатмӣ мебошад. Ба ибораи дигар, оянданигарӣ ин қобилияти дар вазъияти нав худро дуруст дарёфтан аст, то имконияти амалишаванда бештар гарданд ва вазъият зери идора қарор гирад.
Ҳадаф ва аҳамияти Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ
Маълум аст, ки паём аз лиҳози вожа маънои хабар, пайғом, мужда ва рисолатро дорад. Ба ибораи дигар, паём суханест, ки шахс ба шахси дигар маълумотеро мегӯяд ва ё мерасонад. Дар робита ба ин, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ як навъи хабари ҳисоботдиҳӣ ба шаҳрвандон ва ниҳодҳои давлатӣ маҳсуб шуда, нишондиҳандаи моҳияти демократии навъи идоракунии давлат мебошад.
Агар ба ҳадаф ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ назар андозем, дарк мекунем, ки он аз нигоҳи хештаншиносӣ моро водор месозад, то гузаштаро омӯзем, имрӯзро дарк созем ва ояндаро созем. Ҳадаф ва аҳамияти дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз лиҳози мазмун нишон медиҳад, ки моро зарур аст барномаҳои таълимию тарбиявиеро татбиқ созем, ки ҷавононро аз ҷаҳл, таассуб, хурофот ва нодонию нодорӣ раҳо созанд.
Таҳкими худшиносӣ ва худшиносии миллӣ
Худшиносӣ дар ҳар давру замон яке аз масъалаҳои муҳим дониста шуда, доир ба он назарияҳои гуногуни илмӣ-назариявӣ аз тарафи муҳаққиқон баррасӣ гардидаанд. Аз ин рӯ бояд иброз намуд, ки пеш аз ҳама, омӯзиш ва дарки мақсади меҳварии инсон созандагӣ ва шинохти худӣ мебошад. Ба қавли Мавлоно Чалолуддини Балхӣ:
Ҳар касеро бозсозӣ боядо,
Гар насозӣ, худшиносӣ н-оядо.
Вобаста ба ин моро зарур аст, ки чунин падидаи мутаҳидсозро дар байни тамоми сокинони мамлакат ба сифати воситаи муҳими тафаккури созанда бештар тарғибу ташвиқ намоем.
Барои дарки дурусти мафҳуми худшиносӣ ду нуқтаи муҳимро метавон пешниҳод намуд: нуқтаи якум, таҳлили худшиносӣ аз нигоҳи фалсафа.
Нуқтаи дуюм, худшиносии миллӣ. Худшиносӣ аз нигоҳи фалсафаи асосии ташаккул ва рушди ҷавҳари инсонии шахсият, камолоти маънавии он, бунёди шахсият ва манбаи инсонгароии ӯ маҳсуб мешавад. Ба ибораи дигар, худшиносӣ ин дарки шахс, огоҳӣ аз худ, эҳсос ва мавқеи инсон дар ҷомеа мебошад. Яъне, инсон аз рӯи дарк ва камолоти маънавӣ дар назди худ савол гузорад, ки оё ман кистам? ҳадафи ҳастии ман дар ҷамъият аз чӣ иборат аст? Вақте ки инсон ба чунин савол посух пайдо мекунад, ба дарки худшиносӣ мерасад. Аз доираи дониш ба маърифат мегузарад. Маърифат- дараҷаи олии дониш буда, фардҳоро ба шинохти шахсият мерасонад. Шахсиятҳо ҷомеаи пешрафтаро ташкил медиҳанд.
Худшиносӣ аз нуқтаи назари дигари фалсафа 2 зина дорад: зинаи фардӣ ва ҷамъиятӣ.
Зинаи фардӣ нишон медиҳад, ки инсон барои ба мақоми худшиносӣ расидан роҳи худидоракунӣ, худназоратӣ ва худтакмилдиҳиро гузариш мекунад. Бинобар ин, инсон дар алоҳидагӣ, новобаста аз ҷамъияти номукаммал худро тақвият медиҳад. Масалан, ҷамъияте, ки аз рӯи худшиносию худогоҳӣ ноустувор аст, фардҳои худшинос ба ҳадафҳои мукаммал устуворона амал мекунанд.
Зинаи ҷамъиятӣ маълум менамояд, ҷомеае, ки худшиносу худогоҳ аст, аз рӯи таъсири муҳит дигаронро тарбият мекунад. Нуқтаи дуямро масъалаи худшиносии миллӣ ташкил медиҳад. Худшиносии миллӣ шинохти арзишҳои маънавӣ, моддӣ ва умумифарҳангии миллат, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг, адабиёт, дин, расму оин, ҷашнвораҳо, анъанаҳо ва тамаддун аст.
Аз нигоҳи муаррихи тоҷик Абулфазли Байҳақӣ, «аввалин хислати неки инсонӣ он бошад, ки зоти худ бишносад. Зоти хеш бидонист, чун дигар чизҳоро дарёфт. Хештанро нашинохт, дигар чизҳоро натавонад донист».
Худшиносии миллати тоҷик вобаста ба арзишҳои маънавӣ аз таълимоти Зардушт сар карда, то Эъломияи Куруш, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Абӯабдуллои Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Робиаи Балхӣ, Абӯнасри Форобию Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммад Хоразмию Ибни Сино, Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ, Саидои Насафӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорҳо шахсиятҳои худшиноси маънавию сиёсиро дар бар мегирад. Ба қавли Гёте, намояндаи илмии Олмон, «агар таъсири фарҳанги Шарқ (тоҷику форс) намешуд, фарҳанги Ғарб кайҳо боз дар хоби ғафлат монда буд. Агар ман дороии зиёд медоштам, муҷассамаи Ҳофизро аз зар омода карда, дар таги он ғазалҳояшро пайваста мутолиа мекардам». Мақсади Гёте дар ин ҷо илми Шарқ гуфта, бештар таъсири илми тоҷику форсро дар назар дорад. Чунончӣ, саҳми намояндагони маънавии тоҷику форсро дар ҳар марҳилаҳои таърихии инсоният дидаю ёдрас карда метавонем.
Аз нигоҳи дигари худшиносии миллӣ, миллати тоҷик созандаю ободкор ва давлатсоз ба ҳисоб меравад. Ба қавли олими ватанӣ профессор Саймумин Ятимов, тоҷикон дар таърих зиёда аз 13 маротиба давлатдорӣ кардаанд. Масалан, (Модҳо, Ҳахоманишиҳо, Портҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Сафориён, Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорҳо, Музаффариён). Он дар маҷмуъ 2236 солро дар бар мегирад. Иллати аслии суқути онҳоро ҷаҳолату хурофот ташкил медиҳад. Дар робита ба ин, моро зарур аст, ки барои устувор нигоҳ доштани давлати миллӣ аз ҳодисаҳои таърихӣ сабақ гирифта, гузаштаро омӯзем, имрӯзро дарк созем ва ояндаро созем.
Бо хурофот давлат тараққӣ намекунад
Бояд гуфт, ки дин ва донишҳои фалсафӣ хурофотро инкор мекунанд. Масалан, гуфтаҳое, ки аз номи дин суиистифода шуда, ба оятҳои китоб мутобиқат намекунанд, хурофоту суханҳои сафсата ҳисобида мешаванд. Хиради фалсафӣ ва мантиқӣ ҷомеаро ба дарки асрори илмӣ равона карда, дар ин замина инсон ояндаи худро ба кашфиёти табиат, технология ва коинот мерасонад. Бинобар ин, масъалаҳои болозикр барои он заруранд, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаамон ба он такя намоем ва ҳаёти худро дар асоси онҳо танзим созем.
Дар фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми хурофот ба маънои сафсата, ақидаи бемаънӣ ва фикрҳои беасос омадааст. Хурофот ҳаёти рӯзмарраи инсонро ба сафсата вобаста дониста, ҳамеша дар зери тасаввури хаёлпардозӣ қарор мегирад. Ва ин омил метавонад тамоми имконияти пешрафт ва тараққиёти ҷамъият ва давлатро барҳам занад.
Таҷрибаи таърихии давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки онҳо бесабаб тараққӣ накардаанд. Онҳо ҳам дар давраи асримиёнагӣ гирифтори хурофот ва таассуб буданд. Бинобар ин, дар натиҷаи муборизаи беамон бар зидди хурофоту таассуб ва ташаккул додани илм аз ин вартаи ҷаҳолат раҳоӣ ёфтанд.
Дар асри 17 доир ба масъалаҳои илмӣ ақидаҳои мантиқии яке аз файласуфони фаронсавӣ Рене Декарт нақши бузург дорад. Рене Декарт мақоми ақлро дар роҳи маърифати ҳақиқат аввал гузошта, шиори «Ман фикр мекунам, пас ман вуҷуд дорам»-ро пеш мегузорад. Маҳз ақлу хирад метавонад бунёди илм бошад. Аз ин ҷост, ки инсон дар фаъолияти худ барои дигаргунсозии олам бояд ба таҷрибаю ақл такя намояд.
Дар асри 18 дар давлатҳои аврупоӣ фалсафаи маорифпарварӣ ба амал омад. Дар ин давра илму маърифат аз доираҳои танги олимони донишгоҳҳову муасиссаҳои таҳқиқотии баъдиинқилобии асри 17 берун баромада, дастраси доираҳои васеи аҳолӣ гардид. Дар шаҳрҳои Парижу Лондон доир ба комёбиҳои илм пайваста мубоҳисаҳо доир мегардиданд ва бисёри адибон бо забони содаву фаҳмо кашфиёти навини илмро маънидод мекарданд. Боварӣ ба неруи ақлонии инсон хеле зиёд гардид. Дар ин замина имконоти васеъ барои пешрафти иқтисодӣ ва некуаҳволии мардум фароҳам оварда шуд. Маорифпарварони фаронсавӣ мубориза бар зидди хурофотро ҳадафи асосӣ қарор дода, мехостанд ҷомеаро аз таъсири таълимоти ортодоксияи (муътақид, эътиқодманди) католикӣ озод намоянд. Таъсири калисои католикӣ дар ин кишвар зиёд буд, калисо заминҳо ва сармояи зиёде дар ихтиёр дошт. Илова бар ин, калисо бар зидди озодфикрӣ муборизаи беамон мебурд. Аз ин ҷиҳат бо барҳам задани ин нуфуз маорифпарварон таъмини озодии фикр ва рушди илмро алоқаманд месохтанд.
Таҷрибаи таърихии давлатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки то он даме ки мо аз банди таассуб, хурофот ва хаёлпардозию тақдирпарастӣ дур нашавем ва илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқро касб накунем, ҳаргиз роҳи дурахшони миллат ва давлатро соҳиб намегардем.
Миллате, ки ба ҷойи чунин таҷриба хурофотро роҳи ҳалли мушкилоти худ медонад, ба ҷойе нахоҳад расид. Ин гуна миллат дар чунин сатҳи андешаву навъи шуур на танҳо қудрати ояндасозӣ надорад, балки зиллату хориву дармондагии худро дар шароити ҳозира ва гузашта ба амри тақдир вобаста медонад. Аз ин рӯ, тасаввур мекунанд, ки натиҷаҳои дилхоҳ бе талошу заҳмат ба вуҷуд меоянд.
Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки дурусти мушоҳидаҳо раванди таҷрибаи тараққиёти давлатҳои пешрафтаро ба инобат гирифта, дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 ба масъалаҳои азхуднамоии донишҳои замонавӣ ва пурзӯр гардидани таълими фанҳои табиатшиносӣ бештар таваҷҷуҳ намуданд. Ин буд, ки Президенти Тоҷикистон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон карданд. Вобаста ба ин, тибқи нақша, ҳар сол гузаронидани олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷиҳати ба давлати пешрафта табдил додани Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро бо дарки тасаввуроти илмӣ қабул намоем.
Барои ин зиёиёни моро зарур аст, ки нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ба таври равшан ва сода дар байни ҷавонон ва мардуми одӣ тафсир карда, муҳтавои ин санади тақдирсозро ҳамаҷониба шарҳ диҳанд.
Беҳрӯз ЯТИМЗОДА,
мудири бахши кор бо ҷавонони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Диловар РАҲИМОВ,
корманди бахши ҷавонони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз муаллифон








Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад






