Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»

Январь 9, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба мардуми Тоҷикистон мужда расониданд, ки 12 декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул гардид. Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ мебошад.

Дар ҷаласаи ҳафтуми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEA-7), ки аз 8 то 12 декабри соли 2025 дар шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения баргузор гардид, Қатъномаи ЮНЕП таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул гашт. Он ҳамчун санади расмии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шуд. Ин қатънома ҳама давлатҳои аъзо ва шарикони рушдро даъват менамояд, ки ба саъю талошҳо дар самти андешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани устуворӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ тақвият бахшанд.

Қатънома натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, расман истиқбол намуд. Қабули ин қатънома бо иттифоқи оро дар ЮНЕА-7 нақши муҳими Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар исбот месозад.

Ин нахустин ва ягона қатънома дар таърихи Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид аст, ки муаллифи он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муқаррароти иҷроии қатънома давлатҳои аъзоро барои андешидани тадбирҳои фаврӣ дар ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ даъват менамояд; дар он зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои бартарафсозии сабабҳои коҳиш додани таъсири талафоти пиряхҳо таъкид мегардад; барои дастгирии кишварҳои дар ҳоли рушд ва ҷомеаҳои осебпазир зарурати ҷалби воситаҳои кофӣ ва пешбинишавандаи татбиқи қатъномаи мазкур махсус таъкид мегардад; иштирок ва фарогирии фаъоли ҷомеаҳои маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар амалҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо тавсия дода мешавад.

Тибқи ин қатънома Директори иҷроияи ЮНЕП вазифадор шудааст, ки ба табодули таҷриба ва татбиқи қарорҳои табиатбунёд (nature-based solutions) мусоидат намояд, гузоришро оид ба камбудиҳо ва ниёзҳо омода созад, дар ҳошияи UNEA-8 чорабинии канорӣ ташкил намояд ва дар UNEA-8 оид ба ҷараёни татбиқи қатънома гузориш диҳад.

Санади мазкур «Рӯзномаи ҷаҳонии пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ мегардад, аз сатҳи изҳороти сиёсӣ ба сатҳи ваколатҳои мушаххаси техникӣ барои Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (ЮНЕП) интиқол медиҳад. Қатъномаи мазкур ба қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гаштани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, инчунин «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025–2034» такя намуда, заминаи сиёсиву меъёрӣ маҳсуб мешавад.

Қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк иродаи сиёсиро баён менамоянд, Қатъномаи UNEA дар Найробӣ барои ЮНЕП заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад, то ки масъалаҳои криосфераро ба Стратегияи миёнамуҳлат ва Барномаи кории худ ворид намояд. Ин иқдом пешгирии обшавии пиряхҳоро дар низоми Созмони Милали Муттаҳид ба таври институтсионалӣ таъмин менамояд. Расидан ба мувофиқаи умум, яъне консенсус дар матни қатънома имкон дод, ки Тоҷикистон худро ҳамчун яке аз пешвоёни ҷаҳонӣ дар масъалаҳои идоракунии криосфера муаррифӣ намояд ва ҳамчун пули дипломатӣ байни «Қутби сеюм» (Ҳиндукуш–Ҳимолой), Андҳо ва Алп хизмат намояд.

Котиботи Барнома «экосистемаҳои дар ҷойи ақибнишинии пиряхҳо пайдошаванда»-ро ҳамчун нуқтаи нави воридшавии инноватсионӣ муайян кардааст. ЮНЕП эътироф менамояд, ки дар идоракунии экосистемаҳои дар ҷойи ақибнишинии пиряхҳо пайдошаванда дар айни замон мушкилиҳо мавҷуданд ва қатънома ваколат ва имкон медиҳад, ки ин мушкилиҳо бо ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ бартараф карда шаванд.

Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии UNEA-8 аз ҷониби котибот дархост дар бораи ташкил намудани муколамаи сатҳи баланд ворид гардид. Ин бозгӯи он аст, ки таваҷҷуҳи сиёсӣ ба ин мавзуъ соли 2026 низ нигоҳ дошта мешавад. Қабули қатъномаи UNEA-7 нишони равшани пайдарпайӣ ва устувории сиёсати экологӣ ва байналмилалии Тоҷикистон мебошад, зеро масъалаи дорои аҳаммияти мустақими амнияти миллӣ, коҳиши захираҳои обӣ ва талафоти пиряхҳо муваффақона то сатҳи аввалиндараҷаи рӯзномаи ҷаҳонии экологии Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар фаъолони ҷумҳурӣ зимни ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки бо сабаби истифодаи бенизоми сарватҳои табиӣ экосистемаҳо таназзул меёбанд ва идома ёфтани ин ҳолат боиси мушкилоти ҷиддии экологӣ мегардад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ татбиқи чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамояд. Дар мадди аввал танзим ва идораи дурусти муносибати инсон бо табиат тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ зарур мебошад. Аз ин ҷост, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат 25 қонуни соҳавӣ ва якчанд санади муҳими стратегию барномавӣ қабул шуда, Тоҷикистон ба 11 конвенсияи байналмилалии экологӣ дохил гардид.

Пешвои миллат ба масъулини соҳаи ҳифзи муҳити зист дастур доданд, ки якҷо бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадам барои такмили қонунгузории соҳа, аз ҷумла таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияву барномаҳои нави соҳавӣ чораҷӯӣ намоянд. Ҳамзамон Пешвои миллат изҳор намуданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидаю аз таъсири манфии пайомадҳои он кишвари мо низ истисно нест. Раванди тағйирёбии иқлим минбаъд низ боиси баландшавии ҳарорати ҳаво ва ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ мегардад. Ба андешаи Пешвои миллат, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ду даҳсолаи охир кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёра ба ҳам овардаанд. Бо пешниҳоди Тоҷикистон то имрӯз 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидаанд, ки барои татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштанд.

Дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои муҳими сатҳи баланд доир ба обу иқлим баргузор шуда, дар доираи онҳо қатъномаю қарорҳои дахлдори байналмилалӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 2600 нафар намояндагон аз 90 кишвари дунё, роҳбарони якчанд кишвар ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд баргузор гардид. Дар ҳуҷҷати асосии конфронс- Қатъномаи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки ҳамчун санади расмии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид байни кишварҳои аъзо паҳн гардид, зарурати ба рӯзномаи глобалӣ ворид намудани масъалаи ҳифзи пиряхҳо, идомаи Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби бештари маблағгузорӣ дар ин самт таъкид карда шуд.

Бо ин мақсад дар ҳошияи конфронс аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд ва Фонди Иқлими Сабз таҳти унвони «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» барномаи нави минтақавӣ ба маблағи умумии 3,5 миллиард доллари амрикоӣ муаррифӣ гардид. Дар назар аст, ки барнома дар ҳама давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дар Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Покистон амалӣ гардад.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки давоми панҷ соли охир мо гармшавии шадиди иқлимро мушоҳида менамоем. Тибқи Гузориши шашуми Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлими назди Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2050 Тоҷикистон бо афзоиши хушксолӣ, ноустувории захираҳои обӣ, зиёд шудани обхезӣ ва тӯфонҳои чангу ғубор рӯ ба рӯ мегардад. Роҳбари давлат афзуданд, ки тибқи пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, то соли 2050 ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба шароити ҷуғрофӣ метавонад аз 0,8 то 6,2 дараҷа баланд гардад.

Инчунин ноустувории бориш низ пешгӯӣ шуда, вобаста ба минтақаҳо давоми сол метавонад аз меъёр 27 фоиз кам ё то 24 фоиз зиёд афзоиш ёбад. Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини устувории иқтисоди миллӣ ба таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим соли 2019 «Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030» ва соли 2025 Нақшаи амали онро барои давраи солҳои 2025-2027 қабул намуд.

Соли 2024 Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дохил гардид, ки он ба ҷалби бештари маблағҳои грантии фондҳои байналмилалии экологӣ мусоидат менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон масоҳати умумии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз 420 ҳазор гектар ба 3,1 миллион гектар расонида шуд, ки 22 фоизи ҳудуди кишварро ташкил медиҳад ва дар миқёси минтақа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беназир буда, дар татбиқи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025–2034» нақши муҳим дорад. Ҳоло дар низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 3 мамнуъгоҳ, 1 резервати биосферӣ, 4 парки табиӣ, 13 парваришгоҳ фаъолият доранд, ки аз онҳо Парки миллии Тоҷикистон бо масоҳати 2,6 миллион гектар ва Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон» бо масоҳати 49,7 ҳазор гектар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидаанд. Соли 2025 Резервати биосферии «Ромит» ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ҳамаи ин чорабиниҳо барои коҳиши таъсири номатлуби гармшавии глобалӣ ба иқтисолиёти ҷумҳурӣ, ҳифзи пиряхҳо ва нигоҳ доштани сатҳи хуби зиндагии аҳолӣ муҳим арзёбӣ мегарданд ва дар оянда низ ин фаъолият самаранок идома меёбад. Бо назардошти аҳамияти қатъномаи мазкур барои таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва криосфера Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи минбаъдаи муқаррароти қатънома ва иштироки фаъол дар равандҳои UNEA-8 пешниҳодҳои дахлдорро амалӣ менамояд. Ҳамзамон дар амалисозии Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо ва рушди илмҳои криосфера саҳми муносиб мегузорад.

Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА,
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 9, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
ТОҶИКИЯТ — ЗАМИНАИ ХУДШИНОСӢ. Он шаҳрвандонро ба эҳтироми ҳуқуқҳои фитрӣ даъват менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид